Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 12.04.2019

Нархи тамосҳо аз Тоҷикистон ба Русияро боз боло бурданд

Ozodi.org 

Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нархи тамосҳо бо Русияро боз ҳам афзоиш додаанд. Ширкати "Мегафон" рӯзи 12-уми апрел расман эълон кард, ки нархи як дақиқаи гуфтугӯ бо Русия (бо назардошти ҳамаи андозҳо) 1 сомониву 25 дирам аст. Қаблан ин нарх ба 1 сомониву 20 дирам баробар буд. Масъулони ширкати "Мегафон" гуфтанд, бозбинии нархи тамосҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Русия, бар асоси қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, ки моҳи марти имсол қабул шуда буд. "Нархномаи нав аз 16-уми апрел ба иҷро медарояд"... Читать дальше...

Қаршибоев: Вазъи озодии матбуот буҳронист, аммо ноумедкунанда нест

Ozodi.org 

Фишор, монеагузории мақомот ҳангоми гирифтани иттилоъ ва мушкили молӣ аз ҷумлаи масъалаҳое будааст, ки гурӯҳи хабарнигорони тоҷик бо Ҳарлем Дезир - намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот - дар миён гузоштаанд.

"Имиҷи мусбати Узбекистон". Мансаби духтари калонии Мирзиёев

Ozodi.org 

Саида Мирзиёева – духтари калонии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, муовини мудири Оҷонсии иттилооти назди президент таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом "имиҷи мусбати Узбекистон"-ро дар хориҷ таъмин хоҳад кард. Мирзиёева ҳамчунин кори Оҷонсӣ бо хадамоти матбуоти идораҳои давлатиро "танзим меекунад". Саида Мирзиёева дар ин мақом Наргис Раҳимоваро иваз кард, ки чанде пештар барои изҳори назар дар бораи бисёрҳамсарӣ дар Фейсбук мавриди танқиди сахт қарор гирифт. Баъзе аз шарҳнависон ҳатто ӯро ба қатл таҳдид карданд. Читать дальше...



Эътирозгарон дар маркази Судон давлати ғайринизомӣ мехоҳанд

Ozodi.org 

Эътирозгарон дар кӯчаҳои Хартум, пойтахти Судон, як давлати ғайринизомӣ мехоҳанд. Ин ҳам пас аз як рӯзи табадуллоти ҳарбӣ, ки Умар Ал-Баширро сарнагун кард. Ӯ наздик ба 30 сол ин кишварро раҳбарӣ дошт. Ҳазорон нафар бо вуҷуди манъ карда шудани рафтуомад аз тарафи артиш, баъди дастгир шудани Башир шабро дар назди ситоди низомӣ гузаронданд. Башири 75-сола бо 16 рӯзи норозигиҳо ба зидди ҳукуматаш рӯбарӯ буд. Авод ибни Авф, вазири дифои Судон, рӯзи чоршанбеи гузашта гуфт, Судон ба давраи дусолаи ҳукумати низомӣ ворид хоҳад шуд... Читать дальше...

Тоҷикистон боҷи воридоти баъзе аз мошинҳоро гаронтар кард

Ozodi.org 

Боҷи гумрукии воридоти баъзе аз мошинҳо ба Тоҷикистон аз 5 то 10 дар сад афзудааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон нархномаи нави мошинҳоро тасдиқ карда, аз моҳи марти имсол мавриди иҷро қарор додааст. Боҷи мошинҳо аз рӯи нархномаи таъйинкардаи Хадамоти гумрук ситонда мешавад.

Ахбори Озодӣ аз 12-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Шаҳрванди Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русияро ба додгоҳ кашидааст, баҳси таксиронҳои гурҷӣ бо мири Тбилиси, дархости вуруди дигаргунӣ ба номгузорӣ дар Тоҷикистон, болоравии эҳтимолии нархи мошинҳои воридшаванда ба Тоҷикистон ва матолиби дигар.



Шаҳрдори Тбилиси пас аз эътирози таксиронҳо фармони худро бекор кард

Ozodi.org 

Пас аз як намоиши эътирозии таксиронҳо шаҳрдори Тбилисӣ қарори худро, ки ҳамаи таксиҳо бояд ранги сафед дошта бошанд, бекор кард. Рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел ронандагони таксии пойтахти Гурҷистон-шаҳри Тбилиси, бо сару садои баланд рафтуомади нақлиётро душвор карданд. Иштирокчиёни ин чорабинӣ аз он нороҳат буданд, ки бо фармони мири Тбилиси Каха Каладзе мошинҳои такси бояд ба ранги сафед буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи муштариён дар рӯяшон эълон дошта бошанд. Таксиҳое, ки чунин дастурро иҷро накардаанд... Читать дальше...

Сармоягузори амрикоӣ дар Русия то июл дар ҳабси хонагӣ мемонад

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 12-уми апрел ҳукми ҳабси хонагии Майкл Калви, сармоягузори амрикоиро то 14-уми июли имсол дароз кард. Калви 11-уми апрел аз боздоштгоҳ раҳо ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Додгоҳ талаби вакилони мудофеи Майкл Калвиро дар мавриди озодии ӯ бо пардохти гаравпулӣ (васиқа) ё бо шарти берун нарафтан аз Маскав рад намуд. Калвии 51-сола ва панҷ нафари дигар рӯзи 15-уми феврали имсол дар Маскав дастгир шуданд. Соҳибкор расман ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад. Читать дальше...

Ба донишҷӯёни туркман "ҷинс", риш ва рафтан ба масҷид манъ шуд

Ozodi.org 

Ба донишҷӯёни туркман дар Беларус пӯшидани "ҷинс", доштани риш ва рафтан ба масҷид манъ карда шудааст. Дар ин бора баъзе аз донишҷӯёни туркман дар Беларус хабар доданд. Ба қавли яке аз ҳамсуҳбатони бахши туркмании Радиои Озодӣ, чунин талабот дар мулоқоти охири сафири Туркманистон бо донишҷӯён садо додааст. "Сафир талаб кард, ки камтар ба клубу тарабхонаҳо равем. Духтаронро аз пӯшидани шими "ҷинс" ва домани кӯтоҳ манъ кард. Ба ҷавонон гуфт, ки риш нагузоранд ва ришдоронро ба террористҳо монанд кард. Читать дальше...

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуне дар баррасӣ аст, ки дар сурати қабули он ба сокинон имкон дода мешавад, насаби фарзанди худро аз номи бобояш бигиранд. Тарҳи қонуни «Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ"- ро Вазорати адлия ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Дар Қазоқистон метавон бо 1 ҳуҷҷат кумаки иҷтимоӣ гирифт

Ozodi.org 

Рӯзи ҷумъаи 12 апрел муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова ба маркази шаҳрии шуғли аҳолӣ рафт. Вай мехост, ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти кумаки иҷтимоии суроғавӣ назорат кунад. Жакупова дар марказ бо шаҳрвандон гуфтугӯ кард. Ахиран модарони серфарзанд назди бинои вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷамъ шуда, аз мушкилии таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти кумаки иҷтимоӣ шикоят карданд. Муовини вазир дар марказ гуфт, ки "барои дарёфти кумаки иҷтимоӣ ҳамагӣ як ҳуҷҷат кофӣ аст. Читать дальше...

16 кушта ва 30 захмӣ дар ҳамла ба бозори Кветтаи Покистон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиши бомба дар шаҳри Кветта, ҷануби ғарби Покистон, 16 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Абдураззоқ Чима, фармондеҳи пулис, ба Радиои Озодӣ гуфт, мошини бобмгузоришуда субҳи 12-уми апрел дар бозори пуриздиҳоми сабзиҷот ба кор дароварда шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни қурбониён ду кӯдак ҳаст. Ҳафт нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурда шудаанд, ки вазъи саломатии онҳо вазнин гуфта мешавад. Пулиси Покистон бовар дорад, бомбгузории рӯзи ҷумъа ҷамъияти ҳазораҳоро дар Кветта ҳадаф қарор додааст. Читать дальше...

Порлумони Қирғизистон сарвазирро барои баҳонаҷӯиҳояш сарзаниш кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон аз натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2018 дар порлумон ҳисобот дод. Олтинбек Сулаймонов, раиси ҷиноҳи порлумонии "Бир бол" сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиевро барои такрор кардани посухҳояш танқид кард. "Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, ҳамоно "бояд анҷом шавад", "зарур аст, ки анҷом шавад". Кай? Кай анҷом медиҳед?", - тааҷҷуб кард Сулаймонов. "Мо ҳамин ҳоло анҷом медиҳем", - гуфт сарвазир. "Дида намешавад. Рушди ММД дар ҳаҷми 3,5% - ин муваффақият нест. 60-70 дарсади иқтисод дар соя аст. Читать дальше...

Таҳдиди Минск ба қатъи интиқоли нафти Русия

Ozodi.org 

Белорус интиқоли нафти Русияро дар робита ба таъмири лӯлаи "Дӯстӣ" мумкин аст, маҳдуд ё қатъ кунад. Дар ин бора ноиб-сарвазири Белорус Игор Петришенко хабар дод. Ба иттилои ин мақомдори Белорус, мутахассисон ҳанӯз ним сол пеш ба қатъи фаъолияти лӯла даъват карда буданд. Он замон мақомоти Белорус ба хотири таъмини манофеи шариконаш тасмим гирифт, ки кори лӯларо қатъ накунад. Аммо акнун Игор Петришенко мегӯяд, бо назардошти вазъи муҳитзистӣ ва "иқтисоди сабз" маҷбуранд, кори лӯларо қатъ кунанд. Ҳоло маълум нест... Читать дальше...

Президенти Покистон хостори таҳкими равобит бо Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо хостори таҳкими равобити Покистону Тоҷикистон дар риштаҳои амният ва мубориза бо терроризм шуд. Дар ин мулоқот рӯзи 11 апрел раисиҷумҳури Покистон аз даъвати Тоҷикистон ба баргузории як конфаронси байнулмилалӣ ва минтақаии таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ намуд. ПрезидентАлвӣ ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Покистону Тоҷикистон ишора намуд. Вай изҳори умедворӣ кард... Читать дальше...


Музыкальные новости
Песня

Вывод Песни, Альбома, Клипа в ТОП Музыкальных Чартов!





Rss.plus
Валюта

Валюта вышла из моды // Снижение волатильности и санкции сдерживают спрос




В Москве наладили производство RFID-чипов в рамках импортозамещения

Очень хитрую схему придумали мошенники для кражи аккаунтов соцсетей у россиян

В Можайске состоится встреча по вопросу работы автобуса №457к

Коррупция или проблемы с гостайной? Задержан высокопоставленный российский генерал




Дар Туркманистон пули "моҳи солимӣ" ҷамъ мекунанд

Ozodi.org 

Аз омӯзгорони мактабҳои варзишии шаҳри Ишқобод талаб кардаанд, ки барои либоси варзишӣ 150 манатӣ супоранд. "Аз ҳама талаб мекунанд. Аз ҳар мактаб бояд 5 нафарӣ дар чорабиниҳои моҳи солимӣ ширкат варзанд", - хабар дод як манбаъ. Моҳи апрел ҳамасола дар Туркманистон моҳи солимӣ эълом мешавад. Бо ташаббуси ҳукумат дар саросари он кишвар дар моҳи мазкур чорабиниҳои варзишӣ доир мегардад. Аз омӯзгорони мактабҳои варзишӣ ба ҷуз аз либос, 80-манатии дигар барои обуна ба маҷаллаи варзишӣ талаб доранд.

"Истаравшан" бар "Хуҷанд" ва "Истиқлол" бар "Хатлон" пирӯз шуданд

Ozodi.org 

Ду бозии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон - “Истаравшан” ва “Истиқлол” – ба поён расид. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки имсол боз ба лигаи олӣ баргашт, дар майдони худ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бахтовар Зокиров ба самар расонид. Голи меҳмононро ҳамлагар Манучеҳр Аҳмадов зад. Дар бозии дигар «Истиқлол»-и Душанбе... Читать дальше...

Шаҳриёр Даминов дар Ҳамоиши варзишгарон дар Лозанна ширкат меварзад

Ozodi.org 

Рӯзҳои 13-15-уми апрел дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария Форум ё ҳамоиши байналмилалии варзишгарон баргузор мешавад. Ҳамоишро Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) доир мекунад. Дар ин бора сомонаи olympic.org хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар ин ҳамоиш ширкати 350 вакил аз 206 Кумитаи миллии олимпӣ дар назар аст. Ҳамчунин дар рӯйхати даъватшудагон намояндагони комиссиюнҳои варзишгарони ҳамаи федератсионҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои тобистона ва зимистонаи варзиш, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC)... Читать дальше...

"Аз баҳри фоизаш гузаштам, танҳо пуламро мехоҳам"

Ozodi.org 

Илҳомҷон Раҳмонов, сокини шаҳри Душанбе бо даъво барои бозпас гирифтани беш аз 44000 доллари амонаташ аз "Тоҷиксодиротбонк" дар додгоҳ пирӯз шуд. Аммо ин бонк бо даъвои ҷавобӣ дар додгоҳи болоӣ хостори лағви ин қарор шудааст ва далел овардааст, ки вазъи молияш хуб нест.

Ким таҳримкунандаҳои Куриёи Шимолиро ҳадафи мушак қарор медиҳад

Ozodi.org 

Президент Ким Чен Ин гуфт, онҳое, ки бо умеди "ба зону нишондани мардуми Куриёи Шимолӣ" таҳрим эълом мекунанд, ҳадафи зарбаҳои мушакӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора хабаргузории марказии Куриё иттилоъ дод. Ба гуфтаи Ким Чен Ин, комёбии Куриёи Шимолӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии мустақил, сохтори сотсиалистӣ, истиқлоли технологӣ ва манобеъро кафолат медиҳад. Ба иттилои хабаргузории Рёнхап, ин изҳороти Ким Чен Ин дар остонаи мулоқоти раҳбарони ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ -- Доналд Трамп ва Мун Чжэ Ин дар рӯзи 11 апрел дар Вашингтон, садо дод. Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Лолита получила серьезные ожоги в Болгарии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России


Карен Хачанов

Теннисист Хачанов вышел в третий круг "Мастерса" в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Сети появилось видео пожара на теплоходе в Архангельске



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России