Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 22.04.2019

Ҷамъоварии имзо барои поин овардани қимати Интернет

Ozodi.org 

Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кулл муроҷиат кунанд.

Ҷоизаи асосии "Парасту"-ро ба "Фирдавсӣ" доданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархӯрди аҳли дарбор бо шоирони дур аз ҳалқаи ҳукмрон, аммо тавоно. Ин маҳаки асосии намоишномаи "Фирдавсӣ" аст, ки бори аввал тақрибан ду ҳафта пеш дар Душанбе намоиш дода шуд ва ҷоизаи асосии ҷашнвораи имсолаи "Парасту"-ро соҳиб гардид.



Комроншоҳ  ва Темур аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҷоиза бармегарданд

Ozodi.org 

Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, паҳлавонони номдори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Муҳокимаи парвандаи Истад Қурбонова дар додгоҳ

Ozodi.org 

Зане, ки бо бадани сӯхта аз боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) берун шуд ва аз бадрафтори маъмурони милиса шикоят кард, дар курсии айбдорӣ нишастааст. Мақомот Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба “ғасби замин” ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” муттаҳам мекунанд. Баррасии парвандаи ӯ рӯзи 22-юми апрел дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.



Чаро камбағалро дар болои шутур ҳам саг мегазад?

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, то масали “Камбағалро дар болои шутур саг мегазад”- шарҳ диҳанд. Посухҳои ҷолибе гирифт. Шумо ҳам бубинед ва назаратонро аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва Имо ба ин шумора фиристед. +420 724 053 959

Ахбори Озодӣ аз 22-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Оғози муҳокимаи зани муттаҳам бо ғасби замин дар Суғд, мушкили сокинони пойтахти Тоҷикистон баъди боронҳову обхезиҳои моҳи равон, барномаи ташкили маркази муштараки матбуотии хабарнигорони тоҷику қирғиз, сӯхтор дар ноҳияи Нуробод ва бекории маҳбусони собиқ дар Тоҷикистон.

Комроншоҳу Темур - дар финали қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, паҳлавонони тоҷик, ки ба финали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб роҳ пайдо карданд, барои медалҳои тилло мубориза мебаранд. Гуштигири дигар тоҷик Шакармамад Мирмамадов барои медали биринҷӣ талош мекунад.

Тоҷири тунисӣ решаҳояшро дар Дарвоз меҷӯяд

Ozodi.org 

Макрами Дарвозӣ, як тоҷири сарватманд аз Тунис барои ҷустуҷуи решаҳояш ба Дарвози Тоҷикистон омадааст ва мегӯяд, маркази фарҳангии Тоҷикистон ва Тунисро таъсис медиҳад.

Майк Помпео Толибонро маҳкум кард, ки ...

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтӯгуи телефонӣ бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон амалиёти баҳории Толибон маҳкум кардааст. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки гуфтӯгуҳо бо ин гуруҳ ба таъхир андохта шуд. Қарор буд, 250 сиёсатмадор ва намояндагони ҷомеаи маданӣ барои гуфтугу бо Толибон дар рӯзи 19-уми апрел ба муколамаи байнулафғонӣ мерафтанд. Ва ин нахустин муколамае мешуд, ки намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар он пушти як миз менишастанд. Аммо гуфтугуҳоро... Читать дальше...

Эрону Покистон неруҳои зудамали муштарак таъсис медиҳанд

Ozodi.org 

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ ва Имронх Хон, нахуствазири Покистон ба мувофиқа расидаанд, то барои муқобила бо терроризм гуруҳи муштараке аз неруҳои марзбонӣ таъсис диҳанд. Хабаргузориҳои давлатӣ аз қавли Ҳасан Руҳонӣ рӯзи 22-уми апрел навиштанд: “Мо созиш кардем, неруҳои зудамал барои муқобила бо терроризм дар марз таъсис ёбад.” Имрон Хон бо як сафари расмӣ вориди Теҳрон шудааст. Аз ин пештар Эрону Покистон ҳамдигарро ба он муттаҳам карданд, ки барои маҳви тундравон... Читать дальше...

Бороновро барои "ошӯб" аз кор ронданд

Ozodi.org 

Ӯлмас Боронов як корманди собиқи фурудгоҳи Душанбе ҳафт моҳ пеш ба сафи бекорон пайваст. Дар ин муддат тамоми талошҳояш барои пайдо кардани кори нав бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ҳатто дар сохтмонҳо ҳам ӯро ба кор қабул намекунанд.

Раҳбарони ИМА, Фаронса, Канада, ИА пирӯзиро ба Зеленский шодбош гуфтанд

Ozodi.org 

Президентҳои ИМА, Фаронса ва Лаҳистон, сарвазири Канада, раиси Шӯрои Аврупо, дабири кулли НАТО пирӯзӣ дар интихоботи президентии Украинаро ба Зеленский табрик гуфтанд. Дмитрий Медведев, сарвазири Русия гуфт, ба назари вай, шонси беҳсозии муносибатҳои Киев бо Маскав бештар шудааст. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Украина, ҳисоби 90 дарсади баргаҳои овоздиҳӣ баёнгари онанд, ки Владимир Зеленский 73 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст. Рақиби ӯ, президенти амалкунандаи кишвар Петро... Читать дальше...

Боздошти боз як бунёдгузори "пирамидаи молӣ" дар Узбекистон

Ozodi.org 

Идораи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ноҳияи Чинози Узбекистон хабар дод, ки як бунёдгузори "пирамидаи молӣ"-и дигарро дастгир шуд. Ба иттилои нашрияи "Ҳуқуқ", Босит Хоҷаев (насаб иваз шудааст) аз сокинон пул, мошин, чорво ва ашёи дигар гирифта, ваъда медодааст, ки солона то 200% даромад хоҳад дод. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ аз мардум беш аз 357 ҳазор доллар ҷамъ кардааст. Боздоштшуда барои қонунигардонии пулҳо ду ширкат таъсис дода, амволи мардумро ҳамчун "кумаки молӣ" сабт кардааст. Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Волочкова опровергла обвинения в алкоголизме





Rss.plus
Михаил Мишустин

Мишустин предложил повысить Дениса Мантурова до первого вице-премьера




Московский таксист опоздал на вызов к пожилому пассажиру и прострелил ему бедро

Девушка устроила пожар в ЖК «Люберецкий», очевидцы сняли мемное видео

В Москв таксист опоздал на вызов к пожилому пассажиру и прострелил ему бедро

У подростка-зацепера из-за удара током сгорел половой орган




Ҳусейн Саломӣ фармондеҳи нави Сипоҳи посдорони инқилоб шуд

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, Муҳаммад Алии Ҷаъфариро аз фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барканор кард. Ба ҷойи ӯ Ҳусейн Саломӣ таъйин шудааст. Саломӣ қаблан ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорон буд. Ӯ аз ҷумлаи фармондеҳони бисёр тундрави ин нерӯ аст ва борҳо Исроилро ба нобудӣ таҳдид кардааст. Тағйирот дар фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар ҳоле сурат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин созмонро рӯзи 8-уми апрел ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард. Сипоҳи посдорони... Читать дальше...

Баъди баҳси ду кишвар, Имрон Хон ба Эрон рафт

Ozodi.org 

Имрон Хон, cарвазири Покистон, рӯзи 21-уми апрел бо сафари расмӣ ба Эрон рафт. Бино ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА, ӯро дар Теҳрон раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ пешвоз гирифт. Қарор аст, Имрон Хон бо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва мақомоти дигари он кишвар дидор кунад. Ин сафари нахустини расмии Хон ба Эрон аст. Расонаҳои давлатии Эрон гуфтанд, ӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ тақвияти ҳамкориҳо, “мубориза бо терроризм ва ҳифзи марз”-ро баррасӣ мекунад. Ду кишвар дар моҳҳои охир якдигарро муттаҳам кардаанд... Читать дальше...

Суқути як ҳавопаймои хурд дар Қазоқистон: ду кас ҷон бохт

Ozodi.org 

Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои хурд дар вилояти Қарағанда ду кас ҷон бохт. Ба огаҳии кумита, ҳавопаймои навъи FK14 Полярис бо ду ҳайати экипаж 21 апрел, ҳангоми фурудоӣ дар фурудгоҳи Балапан суқут кардааст. Дар иттилоияи кумита омадааст, ки Идораи тафтишотии Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон санҷиши ҳодисаро оғоз хоҳад кард.

Барои корҳои иктишофӣ дар кони урани Қирғизистон комиссияи ҳукумати ташкил шуд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон барои анҷоми корҳои иктишофӣ дар кони урани ноҳияи Тон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати комиссияи зери раҳбарии раиси Кумитаи саноат, энергетика ва истифодаи захираҳои зеризаминии Қирғизистон Эмил Осмонбетов вазирон, намояндаи ҳукумати ин кишвар дар вилояти Иссиқкӯл ва раиси ноҳияи Тон шомил шудаанд. Бино ба иттилои Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳайати комиссия 20 апрел бо кони уран шинос гаштанд. Ба гуфтаи яке аз аъзои комиссия Майрамқул Қидиралиева, дар кони уран танҳо корҳои иктишофӣ ҷараён дорад. Читать дальше...

Задухӯрди пулис бо чечентаборон дар шарқи Гурҷистон

Ozodi.org 

Бештар аз 20 одам дар ҷараёни занозании пулис бо сокинони осоишта маҷруҳ шуданд. Сокинони дараи Панкиси Гурҷистон, ки бештарашон чечентабор ҳастанд, зидди сохтмони неругоҳ эътироз карданд. Сокинони маҳаллӣ қатъи корҳои сохтмониро талаб карданд ва аз мақомот хостанд, ки хулосаи коршиносони муҳити зист дар бораи зарарҳои неругоҳ ба муҳит ба эътибор гирифта шавад. Мақомот дар посух гуфтанд, ки ширкати сармоягузор ҳамаи қарорҳои лозимро дар ихтиёр дорад. Сокинони деҳаи чеченнишини Дуисӣ коргоҳи сохтмониро ба муҳосира гирифтанд. Читать дальше...

Ӯзбекистону Қирғизистон таъсиси гузаргоҳҳои навро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини сарвазир Элёр Ғаниев ва ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-сарвазир Жениш Раззоқов 20 апрел дар Фарғонаи Ӯзбекистон мулоқот карданд. Дар ин мулоқот роҳбарони вилоятҳои наздимарзии ду кишвар ҳам мулоқот карданд. Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, ҷонибҳо масъалаи кушодани гузаргоҳҳои марзие навро баррасӣ карданд. Дар поёни мулоқот протокол имзо шуд. Намояндагони ду кишвар ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои муайнсозӣ ва аломатгузории марз дар ҳудуди Қирғизистон мулоқот кунанд.



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

Певец ЮрКисс заявил, что никогда не хотел совместного трека с Тимати




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Новак Джокович

Теннисист Джокович раздавал автографы в шлеме после попадания бутылкой в голову



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России