Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 05.04.2019

Мақомот: Яке аз ду озордиҳандаи Умед Ҳикоятов фирор кардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба ду маъмури милисаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов гумонбаранд, бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ҷабрдида ё муттаҳам? Муҳокимаи 9 сарбоз барои "шикояти бардурӯғ"

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба баррасии парванди гурӯҳи сарбозоне шурӯъ кардааст, ки барои “шикояти бардурӯғ” нисбати як афсар гумонбар дониста мешаванд. Дар бораи шурӯи мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 4 апрел вебсайти расмии додгоҳи ҳарбии горнизони Душанбе хабар дод, вале маълум нест, ки мурофиа кай оғоз шудааст. Биноба иттилои ин додгоҳ, 9 сарбози қисми ҳарбии 42660 -и Баталиони ҳарбии кишоварзӣ бо моддаи “Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ” айбдор дониста мешаванд. Дар шарҳи хабар омадаст... Читать дальше...

Ҷалолиддин Маҳмудов аз зиндон озод шуд

Ozodi.org 

Тибқи гузоришҳои расида, Ҷалолиддин Маҳмудов, узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зиндон озод шуда ба назди пайвандонаш дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ҳисор баргашт.



Чаро ҳавопаймоҳои "Тоҷикэйр" парвоз накарданд?

Ozodi.org 

Ширкати "Тоҷик эйр" бо гузашти се моҳ аз қатъи кораш натавонист дубора ҳавопаймоҳояшро ба парвоз дарорад. Маъмурияти ширкат эълон карда буд, ки 31-уми март парвози ҳавопаймоҳо дубора шурӯъ мешавад.

Хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон аз рӯзи 5-уми апрел

Ozodi.org 

Ширкати “Тоҷикэйр” ваъда дод, аммо парвоз накард, Муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон ҳам мушкил доранд, Дар минаҳо солона садҳо нафар кушта мешаванд, Дар Душанбе ресторанҳо ба “ҳоҷатхона” табдил ёфтаанд, Фуруши мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт.



Шикоят аз "Сбербанк"-у "Western Union" барои кӯмак ба ҷудоихоҳони украинӣ

Ozodi.org 

Хонаводаи танҳо амрикоие, ки соли 2014 дар ҳодисаи суқут додани ҳавопаймои MH17-и Малайзия кушта шуд, аз болои ду бонки русӣ ва ширкатҳои амрикоии интиқолдиҳандаи пул ба додгоҳ шикоят карда хостааст, ки онҳоро барои ироаи хадамот ба  ҷудоиталабони украинии рӯ ба Русия муҷозот кунад. Шикояте, ки рӯзи 4 апрел ба додгоҳи федеролии Амрико аз ҷониби оилаи Куинн Лукас Шансман ворид шуд, "Сбербанк", VTB Bank ва хадамоти интиқоли пули  Western Union Co., Western Union Financial Services, MoneyGram International... Читать дальше...

"Темурмалик" рӯйи мавҷҳои рӯди Сир ба шино даромад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Киштии "Темурмалик" дар рӯди Сир дар гардиш аст ва тарабхонаи ба номи ин қаҳрамони таърихии халқи тоҷик ҳам дари худро барои мардум боз кардааст. Ҳоло садҳо тан аз сокинон ба чорбоғи назди Қалъаи кӯҳна, ки ба номи Камоли Хуҷандӣ аст, ба сайругашт меоянд.

Киштии "Темурмалик" бар фарози Сирдарё ба гардиш даромад

Ozodi.org 

Киштии "Темурмалик" дар рӯди Сир дар гардиш аст ва тарабхонаи ба номи ин қаҳрамони таърихии халқи тоҷик ҳам дари худро барои мардум боз кардааст. Ҳоло садҳо тан аз сокинон ба чорбоғи назди Қалъаи кӯҳна, ки ба номи Камоли Хуҷандӣ аст, ба сайругашт меоянд. Ин тарабхона ба шакли киштӣ сохта шудааст ва дар ёди кас киштиҳои зиреҳпӯши тирногузари Темурмаликро бедор мекунад, ки дар онҳо мири Хуҷанд бо 1 ҳазор мардони ҷангии худ дар ҳамин ҷо алайҳи лашкари 75- ҳазор нафарии Чингиз мубориза карданд.

Одати бераҳмӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Барномаи ТВ «Настоящее время» дар бораи вазъи риққатбори ҷонварони хиёбонӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қисса мекунад

Раззоқов вакилонро барои иттиҳоми “ҷосусӣ” ба додгоҳ мекашад

Ozodi.org 

Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, гуфт, ки зидди вакилони порлумони ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳад кард. Ӯ дар ин бора рӯзи 4-уми апрел дар суҳбат бо шабакаи “Говори” иттилоъ дод. Қаблан вакилони порлумони Қирғизистон Ҷениш Раззоқовро ба  ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Тоҷикистон муттаҳам карда буданд. Ҷениш Раззоқов гуфт, ин иттиҳом, ки аз минбари порлумон садо дод, натанҳо ӯ, балки наздикон ва дӯстонашро низ “таҳқир мекунад”. “Мо онро дурӯғ медонем. Аммо баъзе одамон онро асос карда... Читать дальше...

150 боркаш дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

Ozodi.org 

Дар гузаргоҳи марзии "Казигурт"-и вилояти Туркистони Қазоқистон бо Ӯзбекистон тайи чанд рӯзи охир ҳудуди 150 мошини боркаш барои гузаштан аз сарҳад навбат истодаанд. Яке аз ронандаҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, навбатпоиҳо дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон беш аз як ҳафта аст, идома доранд. "Се рӯз аст, ки барои гузаштан аз марзи Қазоқистону Ӯзбекистон навбат истодаем. Бачаҳое низ ҳастанд, ки аз шаш то даҳ рӯз мешавад, дар инҷоянд. Гузаргоҳи марзии "Капланбег" ҳам пури мошин аст", - гуфт ӯ. Читать дальше...

Толибон дар Бодғис 20 сарбоз ва маъмури пулисро куштаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб дар як ҳамла ба вилояти Бодғис камаш 20 сарбоз ва маъмурони пулисро куштаанд. Абдулазиз Бег, раиси Шӯрои вилояти Бодғис гуфт, Толибон бомдоди 4-уми апрел ба чанд посгоҳи амниятӣ дар наздикии қароргоҳи ҳукумати ноҳияи Болои Мурғоб ҳамла бурда ва қисми зиёди қаламрави ноҳияро тасарруф кардаанд. Абдулазиз Бег афзудааст, ки танҳо идораи пулиси ноҳия ва пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар ихтиёри нерӯҳои давлатӣ мондаанд. Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи раиси ҳукумати Бодғис... Читать дальше...

Ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми "Роҳи абрешим-Ҳуа Шан"

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки ба таркибаш бозигарони зери 15-сола дохиланд, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) ширкат хоҳад кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа аз 6-ум то 10-уми апрел дар шаҳри Вэйнани Чин доир мегардад. Дар он дастаҳои мунтахаби наврасони чор кишвар – Қирғизистон, Мянмар, Тоҷикистон ва Чин – иштирок мекунанд. Мусобиқа аз як давра иборат аст. Читать дальше...

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA бетағйир монд

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 4-уми апрел дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро нигаҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 1155 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст. Дар феҳристи нави FIFA дар даҳгонаи аввал тағйирот ба амал наомадааст. Белгия бо 1737 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1734 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1647 имтиёз, Хорватия ... Читать дальше...

Порлумони Қирғизистон ба тафтиши ҷиноии президенти пешин иҷозат дод

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон 4 апрел дар қироати севум лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро пешбинӣ мекунад. Муаллифони лоиҳа вакилон Исҳоқ Масалиев ва Курманқул Зулушев пешниҳод карданд, ки меъёри дахлнопазирии президентҳои пешин аз қонуни кафолати фаъолиятҳои президенти ин кишвар ҳазф карда шавад. Вале порлумони Қирғизистон дар қироати дувум ба хулосае расид, ки ба ҷои ҳазфи меъёри мазкур механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро илова кунад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Любовь Успенская

Адвокат Добровинский: сторона Успенской раздражала суд доводами против Киркорова





Rss.plus
Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет




Жителям Коломны откроют новые грани творчества Айвазовского

Стартовал очный курс повышения квалификации для руководителей образовательных организаций по проекту «Наука в регионы 3.0»

Город выставил на торги два здания на востоке и северо-западе Москвы

Фестиваль православной культуры и традиций «София» открылся в Москве




НАТО ваъдаи ҳимоят аз Гурҷистону Украина дар баҳри Сиёҳро дод

Ozodi.org 

Кишварҳои НАТО ба созиш расиданд, ки амалиётро дар баҳри Сиёҳ бо иштироки киштиҳои низомӣ тавсеа бахшида, шумори иштирокдоронро бо Гурҷистону Украина афзоиш диҳанд. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар як нишасти хабарӣ дар поёни ҷаласаи шӯрои созмон дар Вашингтон хабар дод. Столтенберг гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин розӣ шуданд, ки дар посух ба таҷовузкориҳои Русия Украинаву Гурҷистонро дастгирӣ кунанд. Дабири кулли НАТО ҳамчунин аз Москва даъват кард, ки маллоҳони боздоштшудаи Украинаро дар тангнои Керч озод кунад. Читать дальше...

"Узбекнафтгаз" аз Чин $16 миллион қарздор шудааст

Ozodi.org 

Ширкати "Узбекнафтгаз" аз ширкати давлатии China Petroleum Technology & Development Corporation (CPTDC) бештар аз 16 миллион доллар қарздор аст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар медиҳанд. "Мо борҳо дархост кардем, ки қарзро пардозанд. Аммо посух гирифтем, ки ба далели набудани маблағ наметавонанд, қарзи моро баргардонанд. Ин ҳолат бештар аз 10 сол инҷониб идома дорад. Мо ахиран ба президенти Узбекистон муроҷиат кардем", - омадааст дар изҳороти ширкати чинӣ. Дар як музокирот... Читать дальше...

Садҳо хона дар Туркманистон аз обхезӣ осеб дид

Ozodi.org 

Дар ҷанубу шарқи Туркманистон наздики 700 хона аз обхезӣ осеб дидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд. "Дар ноҳияи Тахтабозор наздики 700 хона осеб дид. Танҳо дар маркази маъмурии вилоят бештар аз 300 хона зиён дидааст, ки аз ин шумор 70 манзил комилан тахриб шуд", - хабар дод як расонаи маҳаллӣ. "Об рафтааст, аммо лой то зону боқӣ мондааст. Мақомоти маҳаллӣ чорае намеандешанд", - навиштанд расонаҳо. Дар ноҳияи Тахтабозор рӯзи ҷумъаи гузашта сел омад. Ноҳияи Тахтабозор дар наздикии марзи Афғонистон ҷойгир аст. Читать дальше...

Кобул аз Теҳрон дар пайванд ба тирандозӣ ба муҳоҷирони афғон тавзеҳ хост

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз Эрон хостааст, то дар пайванд ба ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи муҳоҷирони афғон аз сӯи сарбозони эронӣ, рӯшанӣ андозад. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки як гурӯҳ аз муҳоҷирони афғон, ки шаби чаҳоршанбе дар роҳ ба сӯи Эрон буданд, аз сӯи сарбозони эронӣ тирборон шуданд. Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муҳоҷирони афғон дар 20-километрии дохили хоки Эрон ба тирандозӣ аз сӯи сарбозони эронӣ рӯбарӯ шуданд... Читать дальше...

"Тоҷик эйр" ҳамоно натавонист, "аз замин бархезад". Акнун чӣ хоҳад шуд?

Ozodi.org 

Ширкати "Тоҷик эйр" бо гузашти се моҳ аз қатъи кораш натавонист дубора ҳавопаймоҳояшро ба парвоз дарорад. Маъмурияти ширкат эълон карда буд, ки 31-уми март парвози ҳавопаймоҳо дубора шурӯъ мешавад.

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Тоҷикистон, ки аз 31-уми март то 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа доир шуд, 111 варзишгар (82 мард ва 29 зан) аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат дошт.



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Больше не пьет просекко! Волочкова призналась еще в одной зависимости




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Число госпитализированных с COVID-19 в России за неделю выросло почти на 9 процентов



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России