150 боркаш дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд
Дар гузаргоҳи марзии "Казигурт"-и вилояти Туркистони Қазоқистон бо Ӯзбекистон тайи чанд рӯзи охир ҳудуди 150 мошини боркаш барои гузаштан аз сарҳад навбат истодаанд.
Яке аз ронандаҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, навбатпоиҳо дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон беш аз як ҳафта аст, идома доранд. "Се рӯз аст, ки барои гузаштан аз марзи Қазоқистону Ӯзбекистон навбат истодаем. Бачаҳое низ ҳастанд, ки аз шаш то даҳ рӯз мешавад, дар инҷоянд. Гузаргоҳи марзии "Капланбег" ҳам пури мошин аст", - гуфт ӯ.
Намояндаи Департаменти даромадҳои давлатии вилояти Туркистон Марат Кулекеев ҷамъшавии мошинҳоро дар марз бо Ӯзбекистон тасдиқ кард. Ӯ навбатпоӣ ва дармондани мошинҳоро ба таъмири роҳҳо дар Ӯзбекистон рабт дод. "Беш аз як ҳафта мешавад, дар Ӯзбекистон роҳҳоро таъмир доранд", - афзуд Кулекеев.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир мутахассисон муайян доранд, ки дар марз бо Ӯзбекистон чи қадар мошин навбат мепояд.