Юсуф Раҳмон: "Соли гузашта 27 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд"
Додситонии кулли Тоҷикистон омори куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷро эълон кард. Юсуф Раҳмон гуфт, ки ҳолатҳои қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа назар ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтаст.