Эрдуғон барои мулоқот бо Путин ба Маскав рафт
Рӯзи 8 апрел қарор аст дар Маскав мулоқоти президентони Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Таиб Эрдуғон баргузор шавад. Ин мулоқот чанд рӯз баъди он барпо мешавад, ки таниши миёни Вашингтон ва Анкара бар асари нақшаҳои эҳтимолии низомии Туркия дар Сурия ва аз ҷониби Туркия харида шудани системаи дифои мушакии сохти Русия афзоиш ёфтааст.
Туркия як узви паймони НАТО аст ва таърихан равобиташ бо Русия хуб нест. Вале баъди хатми Ҷанги Сард равобити иқтисодии ду кишвар тақвият ёфт ва дар солҳои ахир ду кишвар бо ҳам наздиктар шуданд, дар ҳоле, ки робитаҳои Туркия бо Вашингтон ва Иттиҳодияи Аврупо бадтар шудааст. Дар ҳамин ҳол, ИМА ва дигар кишварҳои узви НАТО ба хотири харидорӣ шудани системаи дифои мушакии S-400 аз Русия бо Туркия вориди ихтилоф шудаанд. Кишварҳои узви НАТО ин силоҳро таҳдид ба ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-и сохти Амрико меноманд.