Нигаронии ИМА аз ҷангҳо дар канораҳои Троблус
ИМА гуфт, ки аз ҷангҳо дар наздикиҳои Троблус, пойтахти Либия “амиқан нигарон” аст ва аз фармондеҳ Халифа Ҳафтар, раҳбари Артиши худсари миллии Либия хост, ки муқовимати зидди шаҳрро “билофосила хотима диҳад”. Вазорати беҳдошти ҳукумати созиши миллӣ, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ мешавад, гуфт, ки дар ҷангҳои 7 апрел 11 нафар кушта ва 23 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин задухӯрдҳо, ки дар қисматҳои ҷанубии Троблус рух дод, нирӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни Ҳафтар вориди даргирӣ шуданд. Артиши худсари миллии Либия аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешавад. Вазорат нагуфт, ки қурбониҳо афроди мулкӣ буданд ваё низомӣ. Ҳафтар аз ин пеш гуфт, ки дар наздикиҳои фурудгоҳи Троблус дар қисматҳои ҷанубии пойтахт ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. СММ аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки ба ихтилофҳо хотима диҳанд ва созиш кунанд.