Дар пешорӯи обхезиҳо: Мақомоти эронӣ ба берунории бештари сокинон амр доданд
Дар пешорӯи хатари обхезиҳои бештар мақомот ба берунории сокинони шаҳру деҳоти нав дар ҷанубуғарби Эрон амр доданд. Дар Эрон аз 19 март ба ин сӯ боронганиҳои шадид идома дорад ва дар натиҷа аз 31 вилояти кишвар садҳо деҳоту шаҳрҳои 26 минтақа бо обхезиҳои шадид рӯбарӯ шудаанд. Дар офатҳои табиӣ то кунун 70 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Вилояти нафткаши Хузистон дар ҷанубуғарби Эрон назар ба дигар манотиқ хеле сахттар зиёд дидааст.
Раиси вилоят Ғуломризо Шариатӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии ИРНА рӯзи 6 апрел гуфт, ки сокинони шаш шаҳри ин вилоят бояд ба зудтарин фурсат эвакуатсия шаванд, яъне ба манотиқи амн интиқол ёбанд. Дар ин минтақа сатҳи оби обанборҳо хеле баланд рафта метавонад вазъро боз ҳам бадтар кунад.
Ба гуфтаи Шариатӣ, гурӯҳҳои наҷотбахшт мардумро ба сарпаноҳҳои муваққатӣ интиқол медиҳанд ва баробар бо онҳо сарбозони артиш ҳам ба мардум кӯмак мерасонанд.
Матбуоти эронӣ гуфт, ки дар шаҳри Ҳамидия, ки дар наздикиҳои маркази вилоят шаҳри Аҳвоз ҷойгир аст, беш аз 2 ҳазор сокин ба қароргоҳҳои артиш интиқол дода шуданд.
Вазири умури дохилии Эрон Абдулризо Фазлӣ ҳушдор дод, ки дар Хузистон, ки дар ҳолати изтирорӣ қарор дорад, то 400 ҳазор нафар бо таҳдиди обхезиҳо рӯбарӯ ҳастанд.
Обхезиҳое, ки дар даҳсолаи ахир бесобиқа гуфта мешавад, боиси қаҳру ғазаби мардум шудааст, ки барои вокуниши номуносиби ҳукумат ба бӯҳрон даст ба эътироз ҳам заданд.