Русия $30 миллиони ваъдагиро ба Қирғизистон дод
Русия ҳанӯз дар моҳи март 30 миллион доллари ваъдагиро ба Қирғизистон додааст. Дар ин бора сомонаи Economist.kg хабар дод.
Ба иттилои девони вазирони Қирғизистон, кумаки Русия барои пӯшонидани касри буҷа, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва манзил барои низомиҳову маоши кормандони бахши иҷтимоӣ равона шудааст.
Имзои созишномаи кумак ба Қирғизистон дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Бишкек сурат гирифта буд. Санадро аз ҷониби Қирғизистон вазири молия Бактигул Ҷеенбоева ва аз ҷониби Русия муовини вазири молия Сергей Сторчак имзо кардаанд.