Сармоягузори амрикоӣ аз ҳабс озод ва ба ҳабси хонагӣ гузашт
Додгоҳе дар Маскав амр кард, ки сармоягузори амрикоӣ Майкл Калви озод шуда дар замони пеш аз додгоҳ дар ҳабси хонагӣ нигаҳдорӣ шавад.
Калви ва панҷ нафари дигар рӯзи 15-уми феврал дар Маскав боздошт шуданд. Соҳибкор расман ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад.
Ба фарзияи тафтишот, Калви барои дуздии 2,5 миллиард рубл як нақшаи қаллобӣ таҳия кард. Худи соҳибкор иттиҳомро рад мекунад. Қаблан Майкл Калви дар додгоҳ иттиҳомро ба низои дохилӣ дар байни ӯ ва узви шӯрои мудирони ширкати Baring Vostok рабт дод.
Ҳабси Калвиро дар Амрико дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.