"Нагуфтааст, ки дар ҷанг иштирок мекард, мегуфт, ватан меоям." ВИДЕО
Зубайда Ғиёсова, сокини маҳаллаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат видеои сӯҳбати писараш аз Сурияро ба такрор тамошо карда, ашк мерезад. Баъд аз ним соли бехабарӣ аз сарнавишти фарзанд, ин модар фаҳмид ки писараш Абдулаҳад Назаров дар Сурияи ҷангзада зиндаву саломат аст.