Аҳтами Самарқандӣ соҳиби унвони "дузди қонунӣ" шуд
Шаҳрванди Ӯзбекистон Аҳтам Ёқубов, маъруф бо лақаби Аҳтами Самарқандӣ 12 апрел дар як ҷаласаи пӯшидаи даҳҳо намояндаи баландпояи "олами ҷиноӣ" дар ноҳияи Фотеҳи Туркия унвони "дузди қонунӣ"-ро соҳиб шудааст.
Аҳтам Самарқандӣ баъди Бахтиёр Қудратуллоев, мулаққаб ба Бахтии Тошкандӣ дувумин шаҳрванди Ӯзбекистон аст, ки пас аз 22 сол унвони "дузди қонунӣ"-ро соҳиб мешавад.
Ду манбаи огаҳ аз қазия гуфтанд, ки иштирокдорони ҷамъомади мазкур аз додани унвони "дузди қонунӣ" ба намояндаи Самарқанд Аҳтам Ёқубов якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Аҳтам Ёқубов 42 сол дошта, 17 соли умрашро дар зиндони Аморати Муттаҳидаи Араб сипарӣ кардааст. Ӯро соли 1998 дар қатли як зан ва муҳофизаш дар АМА айбдор дониста, ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Дертар ҷазои ӯ ба 25 соли зиндон иваз карда шуд.
Як манбаъ гуфт, дар мулоқоти ноҳияи Фотеҳи шаҳри Истамбул 15 раҳбари "олами ҷиноӣ" аз кишварҳои гуногуни пасошӯравӣ ҳузур дошта, даҳҳо тани дигар телефонӣ иштирок кардаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шомилшавии Аҳтами Самарқандӣ ба гуруҳи "дуздони қонунӣ" инҳисори ҳукмфармо дар олами ҷиноии Ӯзбекистонро аз байн хоҳад бурд.