Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тоҷикон дигар камтар ба Русия мераванд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти хабарии муштарак бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Маскав гуфт, муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ним баробар кам шудааст. Айни замон ӯ ба мушкилот дар кору зиндагии муҳоҷирон ишора кард.