Путин: "Барои тоҷикон шароити муносиб фароҳам кардаем"
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 17-уми апрел дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, дар кишвараш шароити муносиб барои кору иқомати садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик фароҳам шудааст. Аммо худи муҳоҷирон пайваста аз таъқибу озор ва бадрафтории кордиҳандаву мақомоти милиса шикоят мекунанд.