Дар Тоҷикистон дар як сол 80 ҳазор кӯдакро хатна кардаанд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли 2018 дар саросари кишвар бештар аз 80 ҳазор кӯдакро ройгон хатна кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, аз миёни онҳо бештар аз 14 ҳазор нафар навзодони 20 рӯза ва тақрибан 66 ҳазор нафарашон навзодони аз 20 рӯза боло будаанд.
Вазорати тандурустӣ дар маҷаллаи расмии худ “Паёми Шифо” хабар додааст, ки барои хатнаи ройгон дар шифохонаҳои кишвар садҳо ҳуҷраҳои хос таъсис додаанд ва онҳоро бо таҷҳизоти лозим таъмин кардаанд.
Айни замон мақомоти вазорат чанд ноҳияро барои “кам хатна кардани кудакон” танқид кардаанд. Аз ҷумла мақомоти тандурустии Ноҳияи Хусрав, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Левакант, Вахш ва Хуросонро, ки дар аввалӣ фақат 174 кӯдак ва дар Хуросон 624 писарро хатна кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот “ниҳоят кам аст”.
Дар Тоҷикистон то соли 2018 хатна дар шифохонаҳо ройгон набуд ва мардум барои анҷоми ин амалиёти ҷарроҳӣ пул мепардохтанд. Баъди ислоҳи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷоми хатна дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ройгон шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2019 хатнаи писарон дар хонаро, ки умдатан “устоҳои касбӣ” анҷом медоданд, мамнӯъ кард. Барои анҷоми ин амалиёт дар хона ҷарима пешбинӣ шудааст.