Дар Тоҷикистон – бо симкорти Қирғизистон. Нархи Интернет муштариҳоро ба куҷо бурд?
Зоҳиран "ниҳол"-и Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон "меваи аввали худро дод". Ду баробар афзоиши нархи интернет дар Тоҷикистон, ки бо қарори ин ниҳод сурат гирифт, баъзе аз сокинони минтақаҳои наздимарзиро муштарии ширкатҳои мобилии кишварҳои ҳамсоя кардааст.