Муҳокимаи парвандаи Истад Қурбонова дар додгоҳ
Зане, ки бо бадани сӯхта аз боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) берун шуд ва аз бадрафтори маъмурони милиса шикоят кард, дар курсии айбдорӣ нишастааст. Мақомот Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба “ғасби замин” ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” муттаҳам мекунанд. Баррасии парвандаи ӯ рӯзи 22-юми апрел дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.