Раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанд нафарро аз кор озод кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд қарор, баъзе аз муовинони вазир ва дигар ниҳодҳои давлатиро аз мақомҳояшон сабукдӯш кардааст.
Аз ҷумла Хуршед Исмоилзода, аз мақоми муовини раиси Кумитаи андоз озод шудааст. Дар қарор омадааст, ки сабаби аз кор озод шудани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” аст. Бо қарори дигари раиси ҷумҳур, Хайриддин Ҳукмиддинзода, мулвини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Абдукарим Абдуалимзода, муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро ба нафақа фиристодааст ва Икромиддин Вализода, муовини мудири Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоро ҳам ба сабаби ба ҷойи дигар таъйин шуданаш аз мақомаш сабукдӯш кардааст.
Тағйири мақомҳои баландпоя дар аввали соли нав ва чанд моҳи баъдии ҳар сол дар ҳукумати Тоҷикистон дида мешавад.