Пирӯзии Тоҷикистон бар Эрон дар мусобиқаи "Чор миллат"
Пирӯзии Тоҷикистон бар Эрон дар мусобиқаи “Чор миллат”Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар шаҳри Доҳаи Қатар бар тими мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ 15-уми январ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари эрониҳо Воҳид Намдорӣ боз кард. Дар охири нимаи аввали дидор Эҳсони Панҷшанбе, бозигари беҳтарини Тоҷикистон дар мавсими соли гузашта, ҳисобро баробар намуд. Читать дальше...