Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 23.09.2019

Ҷонсон Эронро масъули ҳамла ба марказҳои нафти Саудӣ хонд

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, гуфт, кишвараш ба ин натиҷа расидааст, ки Эрон масъули ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ мебошад. Ҷонсон ҳамчунон гуфт, онҳо дар бораи саҳм гирифтан дар талошҳои низомии Амрико барои тақвияти дифоии Арабистони Саудӣ фикр хоҳанд кард. Ӯ, ки ҳангоми сафар ба Ню-Йорк бо хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, Бритониё бо муттаҳидонаш дар хусуси коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна кор мекунад. Нахуствазири Бритониё дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок хоҳад кард. Читать дальше...

Пулиси Қазоқистон ҳудуди 100 нафарро дастгир кардааст

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки тақрибан 100 нафарро барои иштирок дар эътирозҳои бе иҷоза дастгир кардаанд. Тазоҳурот рӯзи 21-уми сентябри имсол дар чанд шаҳри Қазоқистон баргузор шуд. Эрлан Турғумбоев рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Нурсултон ба хабарнигорон гуфт, "нӯҳ нафар барои чанд рӯз зиндонӣ ва шаш тани дигар ҷарима шуданд. Дигаронро ҷавоб додем." Вазир тафсилоти дигар надод. Рӯзи 21-уми сентябр пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифин дар шаҳрҳои Нурсултон... Читать дальше...

Баҳси $220 миллион. Ҳайати СБП бори дувум ба Тоҷикистон омад

Ozodi.org 

Як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Хандевал ба Тоҷикистон омадааст. Ин ҳайат рӯзи 23-юми сентябр бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқот кард. Мақомот мегӯянд, ҷонибҳо “дар бораи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва сатҳи таваррум суҳбат доштанд”. Дафтари матбуоти вазорат дар бораи ҷузъиёти ин дидор маълумот надодааст. Аммо имсол бори дувум аст, ки ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Ханделвал ба Тоҷикистон меояд. Читать дальше...



Тақозои Покистон барои бознигарии созишномаи CASA-1000

Ozodi.org 

Расонаҳои Покистон гузориш додаанд, ки мақомоти расмӣ аз давлати Тоҷикистону Қирғизистон хостаанд, як банди созишномаи тарҳи CASA-1000-ро мавриди иҷро қарор диҳад, ки роҳро барои тиҷорати дуҷонибаи нерӯи барқ боз мекунад. Бар асоси созишномаи феълӣ, баъд аз такмил шудани ин тарҳи азим ҳоло фақат Покистон вазифадор аст, дар фасли гармо, яъне аз моҳи май то октябр аз Тоҷикистону Қирғизистон то 1000 мегават нерӯи барқ бихарад. Нархи ҳар киловат соат нерӯи барқро 9.50 сент таъйин кардаанд. Дар сурати пазируфтани дархости Покистон... Читать дальше...

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Иморот

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мунтахаби футзали кишвар барои ширкат дар бозиҳои дӯстона рӯзи 22-юми сентябр ба Дубай расид. Деян Дедович ба ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 14 бозигарро даъват кардааст. Читать дальше...

Зидди раҳбари оҷонси кори "Human"-и Тошканд парванда боз шуд

Ozodi.org 

Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки зидди сардори Оҷонси кори "Human" бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 52 шаҳрванди Узбекистон рӯзи 16-уми сентябр ба Идораи пулиси ноҳияи Яккасаройи Тошканд муроҷиат карда гуфтаанд, ки аз моҳи ноябри соли 2018 то сентябри соли 2019 бо оҷонси мазкур қарордоди корӣ бастаанд, вале ин ширкат уҳдадориҳои худро иҷро накард. Бар асоси қарордод, "Human" ваъда додааст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро бо ҷои кор дар кишварҳои Аврупо... Читать дальше...

Варзишкори машҳур дар тирпарронии шаҳри Ӯш захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар деҳаи Фурқати вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи 22-уми сентябр тирпарронӣ рух дод. Ба иттилои расонаҳо, дар ин тирпарронӣ варзишкори машҳури қирғизистонӣ Раҳмонбердӣ уулу захмӣ ва бистарӣ шудааст. Алмаз Маматалиев, як масъули бемористон гуфт, варзишкор аз рони пой тир хӯрдааст. Бино бар иттилои тасдиқношуда, Килич Саркорбоев, варзишкори дигар Раҳмонбердӣ уулуро захмӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир Саркорбоев роҳбари кумитаи варзиши шаҳри Ӯш аст. Гуфта мешавад, Саркорбоев аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Читать дальше...

Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи маҷмаи умумии СММ иштирок мекунад

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи 74-уми Маҷмаи умумии СММ озими Ню-Йорки ИМА шуд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Қазоқистон рӯзи 23-юми сентябр хабар доданд. Дар ҷараёни ин сафар Тоқаев бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарону ҳайатҳои чанд кишвар, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони тиҷорати амрикоӣ, доираҳои сиёсиву коршиносии ИМА мулоқот хоҳад кард. Сафари Тоқаев то 25-уми сентябр идома мекунад. Интизор меравад, ки дар кори ҷаласаи 74-ум 196 ҳайат... Читать дальше...



Модари Ҳадятулло мехоҳад, сабаби марги писараш дар артишро бидонад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мунисахон Тағоева як моҳ аст, ки барои фаҳмидани омилони марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод. Мунисахон Тағоева, модари Ҳадятулло Ализода, сарбози собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, мақомот то ҳол дақиқ нагуфтаанд, ки сабаби марги фарзанди ӯ чист? Кормандони вазорат рӯзи 21-уми август ҳангоми супурдани ҷасад ба волидон гуфтаанд... Читать дальше...

Модари сарбози фавтида мехоҳад, ҷузъиёти марги фарзандашро бифаҳмад

Ozodi.org 

Мунисахон Тағоева як моҳ аст, ки барои фаҳмидани омилони марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод.

Русия бозсозии артиши Абхозистонро сармоягузорӣ мекунад

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукуматаш дастур дод, созишномаи пардохти харҷи муосирсозии неруҳои низомии Абхозистони эътирофнашударо имзо кунад. Ҳаҷми маблағе, ки дар муосирсозии артиши Абхозистон харҷ мешавад, ошкор нагардидааст. Абхозистон минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон аст, ки баъди ҷанги соли 1993 бо Гурҷистон эъломи истиқлолият кард. Русия аз ҷудоихоҳии Абхозистон ҳимоят мекард ва дар соли 2008, баъди ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон, истиқлолияти Абхозистонро эътироф кард. Гурҷистон минтақаҳои... Читать дальше...

Мулоқоти президенти AFC бо Рустами Эмомалӣ

Ozodi.org 

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе ташриф овард. Ӯ бо раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон , раҳбарони AFC ва CAFA дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаро ҷиҳати рушди футбол дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд. Шайх... Читать дальше...

"Гоҳе бо як курта тамоми сол ба мактаб мерафтам". Ду мушкили сахти кӯдакони тоҷик

Ozodi.org 

Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ нобаробарии иҷтимоӣ ва муҳоҷиратро мушкили сахти кӯдакон дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон тасвир кардааст.

Маблағҳои бунёди "Вақф"-и Узбекистонро чи гуна харҷ мекунанд?

Ozodi.org 

Моҳи апрели соли 2019 иттилоъ дар бораи он ки раиси бунёди ҷамъиятии "Вақф"-и Узбекистон Искандар Халилов бо арзиши $32,5 доллар барои худ мошини навъи Chevrolet Malibu 2 харидааст, дар бахши узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба бор овард. Бештари корбарон роҳбари бунёдро дар исрофкорӣ айбдор карданд. Ду манъбаъ аз "Вақф" ҳам роҳбарияти бунёдро дар сӯистифода аз вазифаҳои хизматӣ, таъмин накардани шаффофият ҳангоми назорат ва харҷи дороиҳои бунёд айбдор намуданд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ нишон медиҳанд... Читать дальше...

Дар амалиёте дар Ҳилманд камаш 35 ғайринизомӣ кушта шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон гуфтанд, ки дар як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақа дастикам 35 сокини осоишта кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шаби 22-юми сентябр рух дод. Нерӯҳои вижа ба хонае, ки ба қавли мақомоти расмӣ, Толибон барои омода кардани террористони маргталаб истифода мебурданд, ҳамла кардаанд. Дар наздикии маҳалли амалиёт маросими арӯсӣ будааст. Атоуллоҳ Афғон, узви Шӯрои вилоятӣ дар Ҳилманд гуфт, "35 нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шуданд. Ин мардум дар тӯйи... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 23-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Модари сарбоз бовар надорад, ки писараш 40 рӯз пеш аз анҷоми хизмат худкушӣ кардааст, ду сарбози рус дар вилояти Хатлон маҷруҳ шудаанд, шавҳар бо ҷурми ба худкушӣ расонидани ҳамрасаш зиндонӣ шуд ва матолиби дигар.

Эълони ҳукми марде, ки зану кӯдаконаш худкушӣ карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи Ҳисор Фатҳулло Шарипов, як сокини ноҳияро бо ҷурми ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.  Ҳукм чанд ҳафта пеш содир шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон матни онро рӯзи 23-юми сентябр расонаӣ кард. Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли гузашта худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт ва худкушӣ кард. Пайвандонаш гуфта буданд, "ӯ зиндагии хуб надошт".  Назари наздикон ва вакили мудофеи Фатҳулло Шарипов ба ҳукми додгоҳ маълум нест, вале қаблан гуфта буданд... Читать дальше...

Наҷоти чаҳор шаҳрванди Исроил аз байни кӯҳҳои Бадахшон

Ozodi.org 

Маъмурони наҷоти Тоҷикистон чаҳор сайёҳи исроилиро, ки дар байни кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон дармонда буданд, наҷот додаанд. Чаҳор шаҳрванди Исроил рӯзи 17-уми сентябри имсол бонги хатар заданд, ки роҳро гум кардаанд.   Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, амалиёти наҷоти сайёҳони исроилӣ "хеле сахт буд, чун дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр қарор доштанд". "Боло рафтан ва расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт, на бо чархбол. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо истифода карданд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Пётр Чайковский

Фестиваль «Гений места» завершился на родине Чайковского





Rss.plus
Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети




Российские бренды заняли 45% в общем объеме продаж на Lamoda

В Можайском округе обустроили три пешеходные дорожки

Псковичи стали призерами соревнований по вольтижировке в Москве

Большое пополнение животных прибыло в Екатеринбургский зоопарк




Помпео: Уйғурҳоро надиҳед ва фирефтаи сармояи Чин нашавед

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки уйғурҳоро ба Чин истирдод накунанд. Ӯ гуфт, ин ақаллияти мусалмон дар Чин мавриди таъқиб қарор дорад. Помпео рӯзи 22-юми сентябр баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ –  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, маъракаи мақомоти чинӣ ба зидди уйғурҳои Шинҷон бо терроризм иртибот надорад. "Ин як кӯшиши аз байн бурдани эътиқод ва фарҳанги мусалмонони ин кишвар аст"... Читать дальше...

Дар Хоразм ҳамсояҳо рӯзноманигорро аз дасти пулис "бозпас" гирифтанд

Ozodi.org 

Кормандони милисаи Хоразми Узбекистон натавонистанд, ки рӯзноманигори дар қочоқ айбдоршаванда Маҳмуд Раҷабро боздошт кунанд. Онҳо бо ҳангоми боздошт ба муқовимати ҳамсояҳо рӯ ба рӯ шуданд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, ин ҳодиса субҳи 21-уми сентябр дар наздики манзили вай дар ноҳияи Янгибозори вилояти Хоразм рух дод. "Кормандони милиса бо чаҳор мошин назди хонаи ман омаданд. Аммо ҳамсояҳо бо зарфҳои бензин ва гӯгирд ба кӯча барома, ҷанҷол бардоштанд. Виҷдони ман пок аст", - гуфт Маҳмуд Раҷаб. Мақомоти вилояти Хоразм нахостанд... Читать дальше...

Боздошти беш аз 70 эътирозгар дар Қазоқистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 57 иштирокчии эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон боздошт кард. Ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳудуди 200 каси дигар дар шаҳри Чимкент, дар марз бо Қирғизистон дастгир шудаанд. Ба огаҳии вазорат, боздоштшудаҳо "ба даъватҳои иғвогарона дода шуда, нисбат ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ заданд". Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки дар маҳалли боздоштҳои Алмато қарор дошт, мегӯяд, тазоҳургарон муқобилият нишон надоданд. Читать дальше...

Қирғизистон: Боздошти як ҷавон бо гумони қатли духтари ноболиғ

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Кемини вилояти Чӯйи Қирғизистон як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори духтари 14-сола боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати умури дохилии вилояти Чӯй хабар додааст. Бино ба иттилои расмӣ, наздикони духтар 22-юми сентябр ба пулис муроҷиат карда гуфтаанд, ки ӯ рӯзи 20-уми сентябр аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст. Кормандони пулис дертар ҷасади вайро дар яке аз хонаҳои бесоҳиби шаҳри Кемин пайдо кардаанд. Дар робита ба куштори духтар ҷавони 20-солаеро боздошт карданд, ки пештар чандин бор суд шудааст. Читать дальше...

Раиси кумитаи иктишофӣ изҳори нобоварӣ ба Трампро аз эҳтимол дур надонист

Ozodi.org 

Агар таҳқиқҳо исбот кунанд, ки президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский фишор овардааст, ба эҳтимоли зиёд, раванди изҳори нобоварӣ ба вай оғоз хоҳад шуд. Ин нуктаро раиси кумитаи Палатаи намояндагони Амрико оид ба умури иктишофӣ Адам Шифф рӯзи якшанбе дар суҳбат бо CNN баён дошт. "Агар президент садди роҳи кӯмаки низомӣ ба Украина шуда, ҳамзамон бо роҳи тарсонидан талош кунад, то раҳбари хориҷӣ даст ба қонуншиканӣ зада, "айб"-и рақиби сиёсияшро дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ пайдо намояд... Читать дальше...



Москва

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

В День Пушкина театр кукол «Ульгэр» в райцентре Бурятии: Россия, Культура, Дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


WTA

Павлюченкова не смогла выйти в третий круг турнира WTA 1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

PFL MENA 1: Best photos from Riyadh



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России