Радду бадали Чину Амрико дар бораи уйғурҳо ва Осиёи Марказӣ
Баъд аз ду рӯзи изҳороти мақоми баландпояи амрикоӣ дар бораи ҳамкориҳои Чину кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вазъияти уйғурҳо, Пекин ҳам посух дод ва аз Иёлоти Муттаҳида хост, "дар талоши тафриқаандозӣ набошад". Дар ин бора Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 24-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Пекин изҳорот дод. Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, рӯзи 22-юми сентябр дар нишасти C5+1 ё ҳамоиши вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк, аз онҳо хост, бо Чин зиёд наздик нашаванд. Читать дальше...