Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Новости за 26.09.2019

Лавров муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, бо ишора ба сулҳ ва баҳси дигарбораи ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш гуфтааст, “Маскав барои коҳиш додани ташаннуҷ ҳама корро мекунад”. Лавров дар ин бора рӯзи 25-уми сентябр дар мусоҳибааш бо хабарнигори нашрияи Коммерсант дар шаҳри Ню-Йорк ибрози назар кардааст. Матни ин мусоҳиба рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия низ нашр шуд. То ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин ишораи Сергей Лавров вокунише накардаанд. Ин мақоми... Читать дальше...

"Гуфтем бонкро исломӣ мекунем, мусулмонон пулашонро гирифтанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони бонки аввалини исломӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар рӯз чандин нафар ба онҳо муроҷиат мекунад, то фоидаву зиёни ҳамкорӣ бо бонки навро фаҳмад. Вале онҳо мегӯянд, "на ҳама чизе, ки мардум интизор доранд, ба низоми бонкдории исломӣ рост меояд". Моликони бонк киҳоянд? Дар чаҳор соли ахир чанде аз бонкҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариён оҷиз монданд. Аксари муштариён низ аз баҳраҳои баланди бонкҳо шикоят мекунанд ва умеди онҳо ба низоми бонкдории исломист. Читать дальше...



Бонки исломӣ дар Тоҷикистон. Интизории мардум бароварда мешавад?

Ozodi.org 

Масъулони бонки аввалини исломӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар рӯз чандин нафар ба онҳо муроҷиат мекунад, то фоидаву зиёни ҳамкорӣ бо бонки навро фаҳмад. Вале онҳо мегӯянд, "на ҳама чизе, ки мардум интизор доранд, ба низоми бонкдории исломӣ рост меояд".

Лаҳистон Мустафо Ҳаётов, узви "Гуруҳи 24"-ро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Мақомоти Лаҳистон (Полша) ахиран як узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе ихроҷ карданд. Мустафо Ҳаётови 25-сола се сол баъд аз ворид шудан ба Лаҳистон ва дархости паноҳандагиву ҳаққи иқомат дар ин кишвар посухи рад гирифт ва рӯзи 25-уми сентябр ихроҷ шуд. Томаш Шовуха, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо нафари таҳти ҳимояташ рӯзи сешанбе телефонӣ сӯҳбат карда буд. Ӯ гуфт, Ҳаётов аз қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш ба Тоҷикистон бисёр нороҳат буд... Читать дальше...

Дар Тоҷикистон дигар аз рифола ҳазар намекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чиҳил дарсади занони қобили таваллуд дар Тоҷикистон аз васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб истифода мекунанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст. Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар 25 соли пеш камтар аз 20 дар сади занон аз ин васоил истифода мекардаанд, то фарзанди зиёд надошта бошанд. 26-уми сентябр рӯзи байналмилалии васоили пешгирӣ аз ҳамл аст. Ҳадаф аз эълони ин рӯз ташвиқи занон ба таваллуди барномарезишуда аст. Масъалаи танзими таваллуд ё пешгирӣ аз ҳамлҳои нохоста дар Тоҷикистон солҳо боз доғ аст. Читать дальше...

Коҳиши ҳамли нохоста дар оилаҳои тоҷик: дастовард ё камбудӣ?

Ozodi.org 

26-уми сентябр рӯзи байналмилалии васоили пешгирӣ аз ҳамл аст. Мақомоти тоҷик дар ин рӯз гуфтанд, чиҳил дарсади занон дар Тоҷикистон аз васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб истифода мекунанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст.

Ахбори Озодӣ аз 26-уми сентябри соли 2019

Ozodi.org 

Боздошти фаъоли мухолифин дар марзи Белорус бо Полша, ифтитоҳи бонки исломӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳо дар нақшагирии оила дар Тоҷикистон, интизороти Тоҷикистон аз интихоботи президентии Афғонистон ва матолиби дигар.



Боздошти Фарҳод Одинаев, фаъоли мухолифин, дар Беларус

Ozodi.org 

Масъулони "Human Constanta", созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Беларус гуфтанд, Фарҳод Одинаев – шаҳрванди Тоҷикистону Русия – рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Беларус бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудааст. Онҳо мегӯянд, Одинаев "бо хатари истирдод ба ватан рӯ ба рӯ аст". Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар заминаи боздошти Фарҳод Одинаев дар Беларус изҳори назар накардааст. Фаъолони мухолифин мегӯянд, Одинаев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон... Читать дальше...

Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Ӯшу Андиҷон

Ozodi.org 

Миёни шаҳрҳои Андиҷони Узбекистон ва Ӯши Қирғизистон аз 25-уми сентябри соли равон ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуд. Дар масири нав 6-автобусӣ аз ҳар ду кишвар ба мусофирон хидмат хоҳанд расонд. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки барои ҳаракати озод ва зуди воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ "долони сабз"-еро ташкил кунанд. "Автобусҳо шабу рӯз бо мусофиркашонӣ машғул хоҳанд шуд. Арзиши роҳкиро 10 ҳазор соми қирғизӣ аст ва ба ҳисоби мо, автобусҳо рӯзона то ба ду ҳазор мусофир хидмат мерасонанд"... Читать дальше...

Жак Ширак, президенти собиқи Фаронса даргузашт

Ozodi.org 

Собиқ президенти Фаронса Жак Ширак дар синни 86-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти Ширакро рӯзи 26 сентябр дар Париж домодаш тасдиқ кард. Ширак солҳои 1995 то 2007 президенти Фаронса буд. Замони раҳбарии ӯ Фаронса ба фазои воҳиди ягонаи пулӣ евро ворид шуд ва аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ даст кашид. Дар замони Ширак мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт то панҷ сол коҳиш ёфт. Ширкат соли 2003 зидди шурӯи амалиёти ИМА дар Ироқ баромад кардааст.

Қазоқистон содироти чорворо ба Узбекистон манъ карданист

Ozodi.org 

Вазорати кишоварзии Қазоқистон тасмим дорад, содироти чорворо манъ кунад. Дар ин бора хабаргузории "Қазинформ" иттилоъ додааст. Кумитаи умури аграрӣ, истифодаи табиат ва рушди деҳоти Сенати Қазоқистон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи қонуни тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои қонуниеро баррасӣ кард, ки соҳаи агросаноатии ин кишварро танзим мекунанд. Сенатор Алӣ Бектоев гуфт, кишвараш аз гӯшт дида чорворо бештар содир мекунад. "Танҳо дар соли равон содироти чорво ду баробар афзоиш ёфтааст. Бояд сиёсати содиротиро дар ин самт тағйир дод", - изҳор дошт ӯ.

Президенти Туркманистон соҳиби унвони "Оқсақоли фахрӣ" шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми сентябр дар Туркманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои мардумӣ, ниҳоди олии намояндагии он кишвар, ки бар асоси Конститутсия гӯиё аз манфиатҳои мардум ҳимоят мекунад, баргузор шуд. Ин шӯро моҳи октябри соли 2017 ба ҷои Шӯрои оқсақолони Туркманистон таъсис ёфтааст. Ба иттилои хабаргузории "Имрӯзи Туркманистон", дар ҷаласаи шӯро ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 62-сола унвони "Оқсақоли фахрии мардум" дода шуд. Бино ба навиштаи хабаргузорӣ, яке аз сабабҳои асосии додани... Читать дальше...

Трамп: даъватҳои эъломи нобоварӣ баъди гуфтугӯ бо Зеленский "хандаоваранд"

Ozodi.org 

Даъвати демократҳо ба эъломи нобоварӣ нисбати президенти ИМА баъди гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский - "хандаовар" аст. Дар ин бора Доналд Трамп, президенти ИМА дар нишасти матбуотие дар Ню-Йорк изҳори назар кард. Вай гуфт, муколамааш бо Зеленксий дар таърихи 25-уми июл "олӣ" буд. Маҳз ҳамин муколама боис шуд, ки Палатаи намояндагон раванди эъломи нобоварӣ нисбати президентро шуруъ кунанд. Трамп бори дигар ноиб-президенти пешини ИМА ва рақиби эҳтимолии интихоботиаш Ҷо Байденро танқид кард. Читать дальше...

Мақомоти Қирғизистон пажуҳиши тирпарронӣ дар Ӯшро шуруъ карданд

Ozodi.org 

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки пажуҳиши тирпарронӣ дар вилояти Ӯш шуруъ шуд. Вазорат гуфт, рӯзи 22-юми сентябр Тологон Раҳмонбердӣ уулу бо захми силоҳ дар бемористон бистарӣ шуд. Мақомот бо моддаи "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кардааст. Рӯзи 22-юми сентябр дар деҳаи Фурқати вилояти Ӯш тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин ҳодиса варзишкор Тологон Раҳмонбердӣ уулу маҷруҳ шуд. Ба иттилои тасдиқношуда, варзишкорро Килич Саркарбоев - варзишкори дигар маҷруҳ кардааст. Читать дальше...

Қазияи Назаров: шарти “Athletics Integrity Unit” ва шарҳи раиси Созмони зиддидопингӣ

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Созмони The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, қарор дар бораи барканории Дилшод Назаров аз мусобиқаҳои байналмилалиро шарҳ додааст

Валиаҳди Саудӣ "масъулият"-и қатли Ҷамол Хошуқҷиро "пазируфт"

Ozodi.org 

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – дар филми ҳуҷҷатии шабакаи PBS-и Амрико, ки ҳафтаи оянда пахш хоҳад шуд, худро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ масъул донистааст. Бин Салмон гуфтааст, аз он ҷо ки Хошуқҷӣ "таҳти назорати ӯ" ба қатл расид, "тамоми масъулияти ҳодисаро ба дӯш мегирад". Ҷамол Хошуқҷӣ, ки барои рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар... Читать дальше...

Трамп роҳи баъзе аз мансабдорони эрониро ба Амрико баст

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Департаменти давлатии ин кишвар дастур дод, ки як идда аз мансабдорони баландпояи Эрон ва аъзои оилаи онҳоро аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум кунанд. Трамп ҳукумати Эронро бо амалкардҳое муттаҳам мекунад, ки ба назму суботи Ховари Миёна ва фаротар аз он таҳдид ба бор меоранд. Ин мансабдорон чӣ ба ҳайси муҳоҷир ва чӣ ғайримуҳоҷир нахоҳанд тавонист ба хоки Амрико ворид шаванд. Мансабдорони эронӣ то ҳол ин иқдоми Амрикоро шарҳ надодаанд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон... Читать дальше...

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи президентии Афғонистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

То интихоботи президентӣ дар Афғонистон ду рӯзи дигар монд. Сарфи назар аз ин ки номзадҳои асосӣ – Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло – ҳамон ду рақиби панҷ соли пеш ҳастанд, маъракаи интихоботии Афғонистон барои нозирони умури сиёсӣ ва бештаре аз мардум дар Тоҷикистон ҳам ҷолиб аст. Ҳамагуна таҳаввулот ва бахусус корзори ҷиддие ба монанди интихобот дар кишвари ноороми ҳамсояи Тоҷикистон, ба назари коршиносон, ҳамеша барои кишварҳои дигари минтақа ва бахусус Тоҷикистон ҳодисаи муҳим аст. Интихоботи Афғонистон дар шароите баргузор мешавад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Ивана Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы





Rss.plus
Владимир Потанин

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики




Прекрасная Айшат Кадырова: кто она, старшая дочь главы Чечни?

Сергей Шахрай сообщил, как РФ и Китай могут обойти США и Европу в космосе

Очень хитрую схему придумали мошенники для кражи аккаунтов соцсетей у россиян

В Тверской области досмотрено две тысячи саженцев




Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Афғонистон

Ozodi.org 

То интихоботи президентӣ дар Афғонистон ду рӯзи дигар монд. Сарфи назар аз ин ки номзадҳои асосӣ – Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло – ҳамон ду рақиби панҷ соли пеш ҳастанд, маъракаи интихоботии Афғонистон барои нозирони умури сиёсӣ ва бештаре аз мардум дар Тоҷикистон ҳам ҷолиб аст.

Мулоқоти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский дар Ню-Йорк

Ozodi.org 

Раҳбарони ИМА ва Украина - Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти расмии раҳбарони ду кишвар аст. Зеленский пеш аз оғози вохӯрӣ гуфт, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати ӯ мубориза бо коррупсия, барқарории тамомияти арзии Украина ва қатъи даргириҳо дар шарқи ин кишвар аст. Вай ҳамчунин аз таъсиси додгоҳи зидди фасод дар Украина хабар дод. Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия нимҷазираи Қримро дар давраи маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ишғол кард. Читать дальше...

Қазоқистон созмони ҳомии ақалиятҳои Чинро сабти ном кард

Ozodi.org 

Департаменти адлияи шаҳри Алматои Қазоқистон иттиҳодияи "Атажұрт еріктілері"-ро сабти ном кард, ки бо ҷамъоварии иттилоъ дар бораи таъқибҳои Шинҷон ва бозтоби тақдири маҳбусони марказҳои "бозтарбия"-и Чин машғул буд. Дар ин бора раҳбари нави "Атажұрт еріктілері" Ербол Даулетбеқулӣ иттилоъ дод. Департамент дар гузашта борҳо дархости иттиҳодияи мазкурро бо баҳонаи номувофиқатӣ дар ҳуҷҷатҳо рад карда буд. Намояндагони иттиҳодия гуфтанд, дархости онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ рад мешавад ва моҳи равон эълом карданд... Читать дальше...

Доминго пас аз иттиҳоми озори ҷинсӣ Метрополитен-операро тарк мекунад

Ozodi.org 

Сарояндаи операи испаниягӣ Пласидо Доминго дар намоишномаи "Макбет"-и Метрополитен-операи шаҳри Ню-Йорк баромад намекунад ва ҳамчунин ҳама гуна ҳамкориро бо театр қатъ хоҳад кард. 25 сентябр дар нахустнамоиш ба ҷои Доминго сарояндаи сербӣ Желько Лучич баромад кард. "Metropolitan Opera тасдиқ мекунад, ки Пласидо Доминго ба бекор кардани ҳамаи баромадҳои ояндааш розӣ шуд. Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки намоишномаҳо бекор карда шаванд", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии театр. Associated Press моҳи августи соли равон хабар дод... Читать дальше...

Гулӯгоҳи Ҳурмуз: Саҳнаи нави баҳси Амрико ва Эрон

Ozodi.org 

Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки амнияти киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз "ба шакли ҷиддӣ дар хатар қарор дорад". Руҳонӣ ин нуктаро дар нишасти маҷмааи куллии Созмони Милал баён дошт ва аз кишварҳои ҷаҳон хост ба эътилофи "умед ва ибтикори сулҳи Ҳурмуз" бипайванданд. Қаблан Амрико низ гуфта буд, дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эътилоф ташкил медиҳад. Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми сентябр дар нишасти СММ аз кишварҳои дигар даъват кард, ки ба "эътилофи умед ва ибтикори сулҳи... Читать дальше...

Душанбе – макони баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-19)

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2-юм то 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2-юми октябр бо Молдив, 4-уми октябр бо Лубнон ва 6-уми октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шуруъ мешавад. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Я не пью алкоголь вообще: Анастасия Волочкова резко ответила на слухи об алкоголизме




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


Даниил Медведев

Тарпищев: нельзя Медведева назвать главным претендентом на золото Олимпиады



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Заммэра Москвы Ефимов: набережная в Южном порту увеличится в 1,5 раза



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России