Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2021

Новости за 11.11.2021

Аъзои бонуфузи Конгресc аз Раҳмон хостанд, фишорро ба "Озодӣ" бас кунад

Ozodi.org 

Ҳашт узви бонуфузи Конгресси Иёлоти Муттаҳида аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, хостаанд, ки ба поён ёфтани фишору бадрафторӣ ва таҳдидҳо нисбати хабарнигорони Радиои Озодӣ ва аҳли хонаводаи онҳо мусоидат кунад.

Хонаеро, ки осори Садриддин Айнӣ дар он ҷо буд, вайрон мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистонро вайрон карда, ашёи дохили онро ба ҷойи дигар бибарад. Чанде аз донишмандони тоҷик хоҳони ҳифзи ин ёдгорӣ шуданд.

Бо Осорхонаи Айнӣ дар Душанбе чӣ кор мекунанд?

Ozodi.org 

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистонро вайрон карда, ашёи дохили онро ба ҷойи дигар бибарад. Чанде аз донишмандони тоҷик хоҳони ҳифзи ин ёдгорӣ шуданд.



"Мегӯянд, роҳи қирғизҳоро бастааст." Боздошти Диловар Ҷӯраев бо талаби Бишкек дар Русия

Ozodi.org 

Мақомоти Русия бо дархости такрории Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бишкек Диловар Ҷӯраев, сокини 52-солаи шаҳри Исфараро ба "авбошӣ ва барангехтани низои миллӣ" гумонбар медонад. Пайвандонаш ва мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро сохта мешуморанд ва ба озодии ӯ талош доранд.

Рӯбоҳ дар қабои саг

Ozodi.org 

Як оила дар кишвари Перу мегӯяд, баъди ҳамлаи сагашон ба ҷонварони дигар дар маҳалли зист тоза фаҳмиданд, ки саги онҳо дар асл рӯбоҳ будааст. Ин хонавода чорпои худро дар хурдиаш аз як дӯкони хурд бар ивази ҳамагӣ 13 доллар харида буд ва ба он мисли саг муносибат мекард.



Се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олӣ пешсафон мавқеашонро устувор мекунанд

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми ноябр бозиҳои мавқуфмондаи даври 23-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқа пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон -  «Кӯктош»-и ноҳияи рӯдакӣ - ду голи беҷавоб зад. Дар бозии дигар «Истаравшан»... Читать дальше...

СММ гуфт, Қирғизистон дар рабуда шудани Орхан Инандӣ саҳм дорад

Ozodi.org 

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гуфт, дар рабуда шудани Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия, Бишкек низ айбдор аст. "Қирғизистон талаботи моддаи 3 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаро иҷро накардааст. Ин модда талаб мекунад, "ҳеч кадом кишвари узви СММ набояд, шахсро ба кишваре ирсол ва ё таслим кунанд, ки эҳтимоли шиканҷа шуданаш мавҷуд аст". Дар робита ба нопадид шудани Орхан Инандӣ, Қирғизистон ба таври бояду шояд таҳқиқ анҷом надодааст", - омадааст дар изҳороти СММ. Дар... Читать дальше...

Ду узви зиндонии ҲНИТ-ро баъди кумакхоҳӣ аз президент ба ШИЗО бурдаанд

Ozodi.org 

Пайвандонашон вазъро ба додхоҳии ошкорои онҳо аз президенти Тоҷикистон рабт медиҳанд, аммо масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия муҷозоти ахирро натиҷаи вайрон кардани тартибот дар зиндон мешуморанд.

Фишор ба озодии баён дар Узбекистон баъди интихоботи президентӣ афзудааст

Ozodi.org 

Дар як рӯз ҳадди ақал се блогнависро дар Узбекистон барои бозпурсӣ ба мақомоти амниятӣ даъват кардаанд. Фишор ба блогнависони маҳаллӣ ба рӯзҳое рост омад, ки рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитскиро иҷоза надоданд, вориди Узбекистон шавад. Созмонҳои байналхалқӣ ва коршиносони бахши расонаҳо мегӯянд, фишор ба блогнависон ва ихроҷи рӯзноманигорони хориҷӣ "ислоҳот"-и эъломнамудаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро зери шубҳа мегузорад. Фаррух Самарқандӣ, блогнавис аз Самарқанд гуфт, ӯро... Читать дальше...

Халабонҳои афғонро аз Тоҷикистон берун бурданд

Ozodi.org 

Халабонҳо ё пилотҳои афғонистонӣ, ки шаби 9-уми ноябр аз Душанбе берун шуда буданд, ба шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб расидаанд. Наздик ба 200 паноҳҷӯи афғонистонӣ, аз ҷумла 143 халабон, аз моҳи август ба ин тараф дар Тоҷикистон буданд.

"Тройка Плюс" вазъи ҳамсояи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Дар Деҳлӣ аз чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

"Тройка Плюс", ки ба он Покистону Амрико ва Чину Русия шомиланд, дар Исломобод вазъи ҳозираи Афғонистонро баррасӣ карда, бо вазири корҳои хориҷии "Толибон", Амирхон Муттақӣ, низ мулоқот хоҳанд дошт. Хабаргузориҳои Покистон навиштанд, ки Муттақӣ 10-уми ноябр вориди Исломобод шуд.

Омӯзгори як мактаби Самарқандро барои латтукӯби мактабхон аз кор ронданд

Ozodi.org 

Омӯзгори фанни риёзӣ дар яке аз мактабҳои ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанди Узбекистон барои латтукӯби хонандаи синфи 8 аз кор ронда шудааст. Ин ҳодиса баъди баргашти хонанда аз ҳоҷатхона ба синф рух додааст. Омӯзгор хонандаро барои таъхир кардан латтукӯб кардааст. Гуруҳи кории Идораи маорифи Самарқанд баъди шикояти модари хонанда дар мактаби №75-и Пайариқ санҷиш гузарондааст. Дар натиҷа барои омӯзгор Ш.Н. ҷазои интизомӣ таъйин ва аз кор ронда шудааст.

СММ аз Беларус ва Лаҳистон хост, буҳрони паноҳҷӯёнро дар марзҳояшон ҳаллу фасл кунанд

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид аз Лаҳистон (Полша) ва Беларус хост, ки буҳрони паноҳҷӯёнро дар марзҳояшон ҳаллу фасл кунанд. Мишел Бачелет, Комиссари ҳуқуқи башари СММ, рӯзи 10-уми ноябр гуфт, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, набояд паноҳҷӯён аз дархости паноҳандагӣ манъ карда шаванд.

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон ба марти соли 2022 мавқуф гузошта шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки мебоист  аз 4-ум то 19-уми декабри соли равон дар шаҳри Истамбули Туркия доир мегашт, ба моҳи марти соли 2022 ба таъхир андохта шуд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA). Ба иттилои манбаъ, ин тасмим ба иллати бӯҳрони коронавирус ва маҳдудиятҳо дар саросари ҷаҳон гирифта шуд. AIBA дар як изҳорот гуфтааст, ки "теъдоди зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвор ва маҳдудиятҳо рубаруанд. Ба ин далел... Читать дальше...


Музыкальные новости
Наташа Королёва

Продюсер Пригожин поддержал певицу Королеву после отмены ее номера в телеэфире





Rss.plus
Google

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ




Цены на московские новостройки демонстрируют приятную для покупателей тенденцию

«Спартак» сделал заявление после проигрыша «Балтике» в Кубке России

Путин: Шойгу будет курировать комиссию ВПК

Мытищи готовятся к итоговой аттестации выпускников школ




Меркел аз Путин барои ҳалли буҳрони муҳоҷирон кумак хост

Ozodi.org 

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, дар ҳалли буҳрони муҳоҷирон дар марзи Белорус бо Лаҳистон кумак кунад. Ба иттилои сомонаи расмии садри аъзами Олмон, Меркел барои баррасии вазъи муҳоҷирон дар марз бо Лаҳистон ба Путин занг задааст. Ӯ истифодаи муҳоҷиронро ҳамчун абзори зидди Иттиҳоди Аврупо "ғайриинсонӣ" номида, аз президенти Русия дархост кардааст, ки ба режими Минск фишор биорад. Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ додааст, ки Путин дар навбати худ пешниҳод кард... Читать дальше...

Пулиси Русия гуфт, мухолифи туркман ба ватан "ихтиёрӣ" баргашт

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Русия ба дархост дар бораи муайян кардани маҳалли будубоши мухолифи бедаракшудаи туркман Озод Исоқов посух додааст. Расонаи "Хроника Туркменистана" 10 ноябр хабар дод, ки муовини сардори идораи фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Русия Михаил Карпунин дар посухи расмӣ гуфтааст, фаъоли туркман 22 октябри имсол аз фурудгоҳи шаҳри Москва ба Туркманободи Туркманистон парвоз кард. Карпунин пешниҳод кардааст, ки барои муайян кардани маҳалли будубоши минбаъдаи фаъоли туркман... Читать дальше...

Президенти Қирғизистон ба Туркия меравад

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 11-12 ноябр бо сафари корӣ ба Туркия меравад. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов 12 ноябр дар саммити навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар шаҳри Истамбули Туркия ширкат мекунад. Ҳамчунин ӯ дар доираи ин сафар бо раҳбарони Туркия, Озарбойҷон, Узбекистон ва Маҷористон мулоқот хоҳад кард. Президенти Қирғизистон моҳи июни соли равон низ ба Туркия сафар карда, бо президенти он кишвар Раҷаб Эрдуғон дидору гуфтугӯ карда буд. Читать дальше...

Истифодаи роҳҳо дар Қазоқистон пулакӣ шуд

Ozodi.org 

Ахиран дар Қазоқистон  истифода аз  роҳҳои дорой аҳамияти ҷамъиятӣ пулакӣ шуд. Ҷамъоварии маблағ дар ҳафт самти серистифода сурат мегирад. Масъулин ба ронандагони қазоқ алтернатива нагузоштанд. Барои ронандагони мошинҳои боркаш бошад, тарофаи гаронтар муқарар  шудааст.



Москва

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Ивана Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Даниил Медведев

Медведев с трудом одолел 121-ю ракетку мира на турнире в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России