Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2021

Новости за 29.11.2021



Сокинони Душанбе дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ, дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Ҳарчанд дар Тоҷикистон пурсиши афкори умум дар робита ба ҳаводиси кишвар расм нест, хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони пойтахтро ба воқеаҳои ахири Хоруғ пурсиданд.

Айнӣ, Лоҳутӣ ва Ленини Тағоймурод Розиқов

Ozodi.org 

Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки нақшҳои мондагоре ба мисли “Раис”, “Ленин”, “Лоҳутӣ” ва “Айнӣ”-ро дар саҳнаи театр офаридааст, 75-сола шуд.

Австрия 15 қочоқчии инсонро боздошт кард

Ozodi.org 

Мақомоти Австрия як гурӯҳи қочоқчиёни инсонро  ошкор карданд, ки дар интиқоли ғайриқонунии садҳо муҳоҷирон тавассути хоки Балкан ба Аврупо гунаҳгор мешаванд.  Полис дар вилояти Австрияи поёнӣ хабар дод, ки дар чанд рӯзи гузашта 15 нафарро бо гумони қочоқи инсон боздошт карданд ва инҳо шаҳрвандони Молдова, Украина ва Узбекистон мебошанд. Полис гуфт, ки ба иттилои пешакӣ, ин гурӯҳ мардумро аз сарҳадҳои Сербияву Венгрия баъдан тавассути Словакия ба Ҷумҳурии Чех ва Австрия интиқол медод. Аксари муҳоҷирони  ғайриқонунӣ  шаҳрвандони Лубнон... Читать дальше...



Президенти Чех, ки ба COVID олуда шудааст, аз хонаи шишаӣ нахуствазири навро таъин кард

Ozodi.org 

Дар Ҷумҳурии Чех маросими таъини нахуствазири нав барпо шуд. Рӯзи якшанбе, 28-уми ноябр президенти ин кишвар Милош Земанро, ки чанд рӯз пеш ба COVID-19 олуда шуд, ба маросим оварданд. Земан дар маросими таъини нахуствазири нави Ҷумҳурии Чех Петр Фиала иштирок кард. Земан, ки давоми шаш ҳафтаи пеш аз ин дар беморхона аз дардҳои дигар муолиҷа гирифтааст, ба коронавирус мубтало шуд. Ӯро дар маросими таъини нахуствазир дохили як қуттӣ ё хонаи шишаӣ савори аробача нигоҳ доштанд.  Ба маросими таъини сарвазири... Читать дальше...

Туркманистон, Озарбойҷон ва Эрон созишномаи калони газро имзо карданд

Ozodi.org 

Се кишвари соҳили баҳри Каспий ё Хазар созишномаи калони газро имзо карданд. Матбуоти Эрон хабар дод, ки дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодие, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, рӯзи 28-уми ноябр Эрон, Озарбойҷон ва Туркманистон созишномаи интиқоли 2  миллиард метри кубӣ газро дар як сол имзо карданд. Ҷавод Авҷӣ, вазири нафти Эрон ба матбуоти кишвараш гуфтааст, ки бар асоси ин созишнома, Эрон аз Туркманистон гази табиӣ дарёфт мекунад ва ҳамин миқдор газро ба Озарбойҷон медиҳад. Вазири нафти Эрон ба журналистон гуфтааст... Читать дальше...

Нахустин муроҷиати Мулло Охунд - раҳбари "Толибон"

Ozodi.org 

Нахуствазири “Толибон” баъди беш аз се моҳи ғасби қудрат дар Афғонистон аввалин бор бо як суханрониаш аз худ дарак дод ва гуфт, ки ҳукуматаш хостори равобити нек бо кишварҳои дигар буда, аз паи ҳалли мушклоти иқтисодӣ мебошад. Ҳаммуассиси “Толибон” Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд дар як паёми садоӣ, ки рӯзи 27-уми ноябр дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, дар бораи масоили зиёд сӯҳбат кард. Суханронии ӯ 30 дақиқа давом кард ва ӯ гуфт, “Мо тамоми кишварҳоро итминон медиҳем, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат... Читать дальше...

Ҷо Байден дар бораи "Омикрон" маълумот хоҳад дод

Ozodi.org 

Кохи Сафед гуфт, ки президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи навъи нави коронавирус, ки бо номи “Омикрон” сабт шудааст, рӯзи 29-уми ноябр хабар медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чанд кишвари аврупоӣ аллакай хабар доданд, ки дар қаламрави онҳо навъи нави COVID-19 ошкор шудааст. “Омикрон”-ро коронавируси ошкоршуда дар Африқои Ҷанубӣ меноманд ва ин навъи вирусро бо хусусияти бисёр зуд сироят шуданаш хатарнок арзёбӣ мекунанд.  Тарси мақомот ва  донишмандон ин аст, ки “Омикрон” ба воксинаҳои зидди коронавирус тобовар буда... Читать дальше...

Мухолифони Қирғизистон натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунанд

Ozodi.org 

Ҳизбҳои оппозитсионии Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда Комиссиюни марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд. Шоми 28-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбарони чор ҳизби сиёсӣ – “Отамакон”, ҳизби “Озодӣ”, сотсиал-демократҳо ва ҳизби “Ваҳдати қавмҳо” аз мақомот талаб карданд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор  ва интихоботи навро барпо кунанд. Мухолифон комиссиюни интихоботро дар он муттаҳам карданд, ки дар 40 дақиқае... Читать дальше...

"Азизи хонасоз" 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи олӣ Азизулло Абдуллоев, мудири як ширкати хонасозӣ дар Тоҷикистонро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Шаш тан аз ҳамроҳони ӯ ба мӯҳлатҳои аз 19 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон 40 тамрини низомӣ барпо мекунад

Ozodi.org 

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд,   дар мавсими зимистони имсола тахминан 40 даври тамринҳои низомиро барпо мекунанд ва машқҳои низомии онҳо 1-уми декабр шурӯъ хоҳанд шуд. Дар ин бора имрӯз мақомоти низомии Русия  хабар доданд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз техникаи низомӣ, аз ҷумла, ҳавопаймову чархболҳои низомӣ истифода хоҳад шуд. Машқҳои пойгоҳи Русия дар майдонҳои Лоҳур ва Сумбула барпо мешавад ва дар он мутахассисони низомии соҳаи ҳимояти радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологӣ... Читать дальше...

Аз Тоҷикистон ҳафт мошини боркаш ба Бадахшони Афғонистон ёриҳои башардӯстонаи СММ-ро бурд

Ozodi.org 

Рӯзи 29-уми ноябр Барномаи озуқаи СММ ба вилояти Бадахшони Афғонистон аз Тоҷикистон ҳафт мошини борбарро бо ёриҳои башардӯстона ирсол кард. Дар бораи нияти ба қисматҳои шимоли Афғонистон интиқол додани кӯмакҳо тавассути хоки Тоҷикистон чанд рӯз пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд.  Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқаи СММ ба мардуми Афғонистон дода мешавад. Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони... Читать дальше...

Сафири Русия дар ИМА: 27 дипломати рус хоки Амрикоро тарк мекунанд

Ozodi.org 

Сафири Русия дар Амрико рузи шанбе гуфтааст, 27 дипломати рус ва хонаводаҳояшон хоки Амрикоро дар таърихи 30-юми январи имсол тарк мекунанд. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Анатолий Антонов дар мусоҳибае, ки аз тариқи "Ютюб" пахш шуд, изҳор дошт, "дипломатҳои мо дар ҳоли ихроҷ ҳастанд ва гурӯҳи калоне аз ҳамкорони ман шомили 27 нафар, дар таърихи 30 январ моро тарк хоҳанд кард. Мо шадидан бо камбуди неру рубару ҳастем". Русия пештар гуфта буд, ки аз соли 2016, ки робитаҳои дипломатии Маскав ва Вашингтон ру ба сардӣ ниҳод... Читать дальше...

Амрико ба марзбонони тоҷик 18 Ҷип тақдим кард

Ozodi.org 

Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 18 мошини сабукрави Ҷип J8 тақдим кардааст. Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки арзиши умумии ин мошинҳо 1,3 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин ба марзбонони тоҷик имкон медиҳад, ки дар шароити сахти мантақаҳои марзӣ амалиёт гузаронанд. Дар маросими тақдими ин кӯмакҳо, ки рузи 19-уми ноябр бо ҳузури генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баргузор шуд, Сафири ИМА дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм гуфтааст... Читать дальше...

"Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2021

Ozodi.org 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол, ки 9-уми декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, қаҳрамони кишвар «Истиқлол» ва ноиби қаҳрамон «Хуҷанд» рақобат хоҳанд кард. Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми миллӣ «Истиқлол» бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ - 7:3) ғолиб шуд. Голҳои Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва легионери ҷопонӣ Рёта Нома ба бошгоҳи пойтахт пирӯзӣ овард. Бояд гуфт, ки дар ин дидор сармураббии... Читать дальше...

Гузоришҳо: Ду тан ба асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар Лугар кушта шуданд

Ozodi.org 

Бар асари даргирӣ миёни ду гурӯҳи Толибон дар вилояти Лугар, шуморе аз афрод кушта ва захмӣ шудаанд. Бархе расонаҳои маҳаллӣ ва хабаргузориҳо гузориш доданд, ки дар ин бархурди рузи якшанбе, ду тан аз Толибон кушта ва 5 ғайринизомӣ захмӣ шуданд. Тибқи гузоришҳо, ин даргирӣ дар идораи шиносномадиҳӣ рух додааст. Мақомоти маҳаллии Толибон то кунун дар ин бора ибрози назар кардаанд. Вале як манбаи муътамад дар Идораи шиносномадиҳӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин даргирӣ дар берун аз... Читать дальше...

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 6 ҳизб вориди порлумони Қирғизистон мешаванд

Ozodi.org 

Бино ба ҳисобҳои ибтидоии Комисияи интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, шаш ҳизби сиёсӣ дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе барои ворид шудан ба порлумон раъйи кофӣ гирифтаанд. Миёни ин шаш ҳизб танҳо яке мухолиф аст. Дар шумориши раъйҳо дар ҷойи аввал ҳизби ҳукуматгарои "Ата-Журт Қирғизистон" ва 4 ҳизби дигари содиқ ба ҳукумат пайи ҳам қарор доранд. Аз ҳизбҳои мухолиф танҳо "Бутун Қирғизистон" бештар аз 5 дарсад раъй касб кардааст. Ҳангоми шумориши раъйҳои электронӣ мушкили техникӣ сар задааст. Читать дальше...

Шаҳрдори Тошканд шикоят дорад, ки сокинон бо $140 моҳона кор намекунанд

Ozodi.org 

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканди Узбекистон гуфт, "касе аз узбекистониҳо намехоҳад, ки бо 140 доллари моҳона кор кунад". Ин изҳороти раиси шаҳри Тошканд ошкор кард, ки кори рӯзбайъ даромади бештар аз моҳонаи пешниҳодии мақомоти Узбекистонро доштааст. Бино ба назарсанҷиҳо, мардикорон дар саросари Узбекистон рӯзона аз 7,5 доллар то 11 доллар даромад доранд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 23-юми ноябр ба ноҳияи Шайхонтаҳури Тошканд рафт ва дар суҳбат бо сокинон гуфт, дар шаҳри Тошканд ҷойҳои кории зиёде ҳаст... Читать дальше...

Паҳлавонони тоҷик дар "Abu Dhabi Grand Slam 2021" се медал гирифтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Abu Dhabi Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу Забӣ - баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Ҳарсе медалро онҳо дар рӯзи охирини мусобиқа – 28-уми ноябр - дар вазнҳои сангин соҳиб шуданд. Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Ҷамол Петргрейв аз Бритониё, Ҷон Ҷейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон ба финал баромад. Читать дальше...



Москва

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: в ТиНАО создадут новые управы районов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Игорь Бутман заявил, что Пугачева ему безразлична, и назвал ее ЖКП




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»


Ига Свёнтек

Свёнтек высказалась об акции протеста экоактивистов, выбежавших на корты Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России