Ҳалокати писари Озарахшу Фарзона дар дарёи Сир
Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзона, дар дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми апрел рӯй дод.
Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзона, дар дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми апрел рӯй дод.
Дар пасманзари афзоиши нархи баъзе аз маҳсулот дар моҳи Рамазон, шаҳрдории Душанбе дар чаҳор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро баргузор кард.
Як ҷавони мубталои ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, мегӯяд, се дафъа ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, танҳо баъд аз исботи беморияш дар ҳузури ҳама раҳо карданд. Як маъмури комиссариат гуфт, “дар пешонии ҷавонон чӣ бемор будани онҳо навишта нашудааст.”
Бонкҳои Швейтсария муштариҳои худро аз Русия огоҳ кардаанд, ки дар сурати пардохти андоз ба буҷаи Русия суратҳисобҳояшон баста мешавад.
Як ҷавони мубталои ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, мегӯяд, се дафъа ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, танҳо баъд аз исботи беморияш дар ҳузури ҳама раҳо карданд. Як маъмури комиссариат гуфт, "дар пешонии ҷавонон чӣ бемор будани онҳо навишта нашудааст".
Дар Эрон дар соли гузашта шумораи эъдом ё қатли муттаҳамон ба ҷиноят афзудааст.
Ярмарка барои поин бурдани нархи ғизо дар моҳи Рамазон; кӯшиши даъвати ҷавони гирифтори ВИЧ ба артиш; сайре ба деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни Узбекистон ва матолиби дигар.
Дар ин амалиёт, ки 11-уми апрел оғоз гардид, нерӯҳои ОМОН ва Хадамоти амнияти федеролӣ ҷойи кор, истиқомат, бозор ва маҳалли ҷамъоии муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.
Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар номае ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро фавран озод кунанд. Номаро рӯзи 11-уми апрел фиристодаанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бар асоси дархости тафтишот фаъолон Гулнора Ҷӯрабоева, Клара Сооронқулова, Асия Сасикбоева, Улуғбек Маматаев ва Таалайбек Мадеминовро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ фиристод.
Мумкин аст, рӯзи иди Фитрро дар Тоҷикистон аз 22-юми апрел ба 21-уми апрел тағйир диҳанд.
Нақшаи вайрон кардани як бинои чаҳорошёна дар Душанбе баҳс барангехт. Дар ин бинои бозмонда аз Шӯравӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт тақрибан шаст оила зиндагӣ мекунанд.
Нақшаи вайрон кардани як бинои чаҳорошёна дар Душанбе баҳс барангехт. Дар ин бинои бозмонда аз Шӯравӣ даҳҳо оила зиндагӣ мекунанд. Моликони "Ориёно Сохтмон" гуфтаанд, сокинон ҳуҷраҳоро холӣ кунанду ба хонаи иҷора кӯчанд ё дар ивази ҳар метри мураббаъ 600-долларӣ гиранду ба худ манзили нав харанд.
Тоҷикистону Эрон ният доранд, ки машқи низомӣ гузаронанд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд.
Ҳукумати Русия созишномаро дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон қабул кард. Ин санадро вазирони дифои ду кишвар соли гузашта имзо карда буданд.
Яке аз узбекистониҳое, ки аз маркази муҳоҷирати Индонезия фирор карда буд, ҳангоми таъқиб ба ҳалокат расидааст.
Ибодулло Додови 18-сола моҳи ноябри соли гузашта ба артиш рафта буд.
Имрӯз дар шаҳри Самарқанд нишасти дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон оғоз меёбад.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости