Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт
Носир Хусравов, мураббии варзидаи гуштии миллӣ ва самбо, падари ҷаҳонпаҳлавон Хушкадам Хусравов 9-уми январ дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Носир Хусравов, мураббии варзидаи гуштии миллӣ ва самбо, падари ҷаҳонпаҳлавон Хушкадам Хусравов 9-уми январ дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Як фармондеҳи тоҷики “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон нопадид шудааст.
Изҳороти мансабдори рус дар бораи зарурати ҳузури муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллатгароёни русро ба хашм овардааст.
Бо наздикшавии интихоботи президентии Русия баҳси муҳоҷирати корӣ гарм мешавад.
Дар пайи бархурди як мошин ба идораи хонасозии "Корез" дар шаҳри Кӯлоб, се нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 8-уми январ дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рух додааст.
Дар Кӯлоб мошине ба бинои як ширкат бархӯрда, ҳаёти се нафарро аз байн бурд, дӯстонаш мегӯянд, ҷангҷӯйи тоҷик дар Афғонистон нопадид шудааст, баҳси будан ё набудани муҳоҷирон дар Русия ва матолиби дигар.
Соли гузашта баъди як идда садамаҳои ҷиддӣ раҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ иваз шуд. Ҳамкорамон дар Душанбе Амиро Исоев аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё бо тағйири раҳбарон вазъ дар роҳҳои кишвар беҳбуд ёфтааст?
Блогерони Узбекистон аз 1-уми январи соли равон ба монанди соҳибкорони дигари ин кишвар андоз месупоранд.
Собиқ ҳамлагари машҳури дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Вазген Манасян пас аа бемории тӯлонӣ дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Додситонии шаҳри Бишкек 8-уми январ аз додгоҳи пойтахти Қирғизистон хостааст, ки ҳукми бегуноҳ донистани блогер Ирис Жекшеналиев бекор карда шавад.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи душанбе гуфт, чандин кишвари арабӣ ва Туркия барои ҳамоҳангсозии талошҳо бо Амрико, ки ҳадафашон барқарорсозии навори Ғазза, муайян кардани қаламрави сиёсии ояндаи он ва расидан ба сулҳу субот дар минтақа аст, омода ҳастанд.
Тоҷикистон мехоҳад аз Чин истгоҳҳои базавии интернет биорад.
Порлумони Куриёи Ҷанубӣ қонунеро қабул кард, ки парвариши сагҳоро бо мақсади истифодаи гӯшти онҳо дар ғизо манъ мекунад.
Як шаҳрванди Қирғизистон дар гӯштфурӯшие дар шаҳри Маскави Русия ба духтарчаи шашсола ҳамла кардааст.
Муҳаммад Шарифов, ки бо лақаби Маҳдӣ Арсалон шинохта мешуд ва як фармондеҳи созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” буд, ба гуфтаи наздикон ва дӯстонаш, дар Афғонистон нопадид шудааст.
Дар пайи бархурди як мошин ба идораи хонасозии "Корез" дар шаҳри Кӯлоб, се нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 8-уми январ дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рух додааст.
Дар ноҳияи Самарқанди Узбекистон ду ёвари раиси ноҳияро ҳангоми гирифтани пора боздошт кардаанд. Боздоштшудаҳо ба як шаҳрванд ваъда кардаанд, ки дар ивази 1,3 ҳазор доллар ба вай қитъаи замин медиҳанд.
Таҳқиқи парвандаи куштори бераҳмона, ки дар он вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Куандик Бишимбоев айбдор мешавад, ба поён расидааст.
Дар як ҷаласа, ки рӯзи 8 январ бо ҳузури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, масъалаи афзудани ҷойҳои корӣ дар он кишвар баррасӣ шудааст.
Эммануэл Макрон, президенти Фаронса истеъфои сарвазир Элизабет Борнро қабул кард. То таъйини ҳайати нави вазирон Борн муваққатан вазифаҳои сарвазирро пеш мебарад.
Гулмуроди Саъдулло, довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ягона довар аз Тоҷикистон аст, ки бозиҳои Ҷоми Осиёро дар Қатар ҳакамӣ хоҳад кард.
Эмил Ҷамгирчиев, вакили порлумони Қирғизистон иттилои додситонии кулли он кишварро дар бораи убури ғайриқонунии марз рад кард. Ҷамгирчиев дар ин бора рӯзи 8 январ дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кард.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости