Сарвазири Ҳолланд хоҳони поёни даргирӣ дар Ғазза шудааст
Сарвазири Ҳолланд рӯзи 19-уми январ гуфт, аз ҳамтои исроилияш, Бенямин Нетаняҳу, хостааст, ки хушунатҳои алайҳи фаластиниёнро коҳиш диҳад.
Сарвазири Ҳолланд рӯзи 19-уми январ гуфт, аз ҳамтои исроилияш, Бенямин Нетаняҳу, хостааст, ки хушунатҳои алайҳи фаластиниёнро коҳиш диҳад.
Баъзе аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки “садҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон” дар Навори Ғазза ба муқобили сарбозони Исроил меҷанганд.
Бархе расонаҳои русӣ ахиран иддао кардаанд, ки садҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ғазза муқобили Исроил меҷанганд. Ин хабарро бори аввал Андрей Серенко, таҳлилгари рус рӯзи 9-уми январ дар Телеграм каналаш нашр кард ва он ба дигар расонаи русзабон кучид.
Саҳнаи нави бархӯрди таҳқиромез бо муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро хашм кардааст.
Саҳнаи нави бархӯрди таҳқиромези пулиси Русия бо муҳоҷирони корӣ бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овардааст.
Рӯзи 19-уми январ ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Тоҷикистон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа мақомоти қудратии Хатлонро барои бемасъулиятӣ дар пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва коррупсия сахт интиқод карда амр додааст, ки бисёриҳо аз кор ронда шаванд.
Рӯзи дар Душанбе мурофиаи додгоҳии Абдухалил Холиқзода, мудири шифохонаи маъруфи Сино ва ду нафари дигар - адиби маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам ва раҳбари чопхонаи Эр Граф Сӯҳроб Раҷабзода шурӯъ шуд.
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 19-уми январ ҳукми фаъоли шаҳрвандӣ ва роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон" Марат Жиланбоевро бе тағйир гузошт.
Кумитаи тафтишотии Русия нисбат ба раиси ҷомеаи узбекон ("Ватандош") Усмон Баротов парванда боз кард.
Рӯзноманигорони расонаҳои мустақили Русия бо нашри номае аз рӯзноманигорони ҳабсшуда дар Қирғизистон пуштибонӣ карданд.
Муҳокимаи соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 19-уми январ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ шуруъ шуд, аммо паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон.
Бозии ҷаҳонии кӯчиҳо имсол аз 8 то 14-уми сентябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад.
Русия дар пасманзари камчин шудани тухми мурғ аз Қазоқистон дархост кардааст, ки ба ин кишвар тухми бештар фурӯшад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 18-уми январ бо нашри изҳорот аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам кунанд.
Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, қувваозмоии навбатии худро дар мусобиқоти UFC дар вазни сабук бо Абдулкарим Ал-Селвадӣ аз Урдун баргузор мекунад. Ин набард 2-юми марти имсол дар Арабистони Саудӣ дар назар аст.
Дар майдони марказии шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия рӯзи 19-уми январ теъдоде аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Нашрияи SotaVision менависад, теъдоди гирдиҳамомадагон ба 1,5 ҳазор мерасид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон додааст, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) 30 дар сад кам карда шавад. Шумораи кормандони ниҳоде, ки ронандагон аксаран аз ришваситонӣ ва худсарии онҳо шикоят мекунанд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо танқиди сахт аз кори мақомоти интизомӣ амр додааст, ки роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва муовинони онҳоро дар вилояти Хатлон барои бесалоҳиятӣ аз кор биронанд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон калимаи "гражданӣ"-ро, ки решааш аз забони русӣ омадааст, аз номи Кодекси мурофиавӣ низ бардоштанд. Ба ҷояш вожаи "маданӣ" гузоштанд. Маҷлиси Миллӣ онро рӯзи 9-уми январ пазируфтааст. Аз он пеш, дар соли 2022, номи Кодекси гражданӣ ба Кодекси маданӣ иваз шуда буд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон калимаи "гражданӣ"-ро, ки решааш аз забони русӣ омадааст, аз номи Кодекси мурофиавӣ низ бардоштанд. Ба ҷояш вожаи "маданӣ" гузоштанд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 18-уми январ гуфт, барои ҳалли таҳдидҳои амниятӣ ба Исроил ва чолишҳои бозсозии Ғазза "ҳеч роҳе" ҷуз ташкили кишвари Фаластин вуҷуд надорад.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости