Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки мехоҳад барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатӣ бештар шавад. Нуриддин Саид, рӯзи 29-уми январ дар хитоб ба зердастонаш гуфт, аз танқид кардан натарсанд.
Рақиби тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар ҷараён дорад, мунтахаби Урдун гардид.
Урдун рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи ¼ финалии қаҳрамонии Осиё шуд. Футболбозони Урдун шоми 29-уми январ дар як рақобати сахт тими Ироқро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд.
Шоми 28 январ дар саросари Тоҷикистон аксарият бо як фазои футбол нафас мекашид. Пирӯзии тими миллии Тоҷикистор бар Имороти Муттаҳидаи Арабро ҳаводорону коршиносон дастоварди таърихӣ номиданд
Пуштибонӣ аз футболбозони Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё танҳо бо сокинони кишвар маҳдуд намешавад. Бозии 28-уми январ нишон дод, ки шумори ҳаводорони онҳо дар миёни сокинони кишварҳои мухталиф низ кам набудааст.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, хабарнигори маҳкумшуда ба ҳафт соли зиндонро даҳ рӯз пеш дар беморхонаи Душанбе ташхис кардаанд.
Мақомот дар Туркия гуфтанд, ки ҳарду гумонбари ҳамла ба як калисои масеҳӣ дар Истамбулро боздошт карданд ва маълум шуд, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Русия будааст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки се сарбози амрикоӣ дар як ҳамлаи паҳбодӣ ё бесарнишинҳо дар хоки Урдун дар наздикии марзи Сурия, кушта шуданд.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости