Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Ҷоми ҷаҳон-2022: Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ Муғулистонро шикаст дод

0
Ҷоми ҷаҳон-2022: Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ Муғулистонро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар бозии дувумаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар меҳмонӣ мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи "F" имрӯз, 10-уми сентябр, дар шаҳри Улан-Батор, дар Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон доир гардид. Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум, ба самар расонид.

Дар бозии аввалини гурӯҳи "F" мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва мунтахаби Муғулистон бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада буданд.

Бозии дигари даври дувуми гурӯҳи "F" шоми имрӯз миёни дастаҳои мунтахаби Мянмар ва Ҷопон доир мегардад. Ин аввалин бозии ҷопониҳо дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст. Мусобиқа дар ду давра доир мешавад. Марҳилаи дувуми интихобӣ ки 5-уми сентябр шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба анҷом мерасад.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва чаҳор дастаи натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи севуми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дувоздаҳ даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз рӯи натиҷагирии он ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳ пайдо мекунанд.

24 дастае, ки ба даври севуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ намеёбанд, барои 12 роҳхати дигар ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:

Гурӯҳи "А": Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам.

Гурӯҳи "В": Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал.

Гурӯҳи "С": Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа.

Гурӯҳи "D": Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур.

Гурӯҳи "Е": Бангладеш, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Қатар.

Гурӯҳи "F": Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон.

Гурӯҳи "G": Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия.

Гурӯҳи "Н": Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F":

Даври 1-ум

5 сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Даври 2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:1

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Ҷопон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гуруҳи "F"

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

1

Муғулистон

2

1

0

1

1-1

3

3

Ҷопон

0

0

0

0

0-0

0

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

4

Мянмар

1

0

0

1

0-1

0





Губернаторы России
Москва

Продукция компаний ОЭЗ «Технополис Москва» становится все популярнее — Собянин





Москва

Певица Наталья Самойлова презентовала новый клип «Голос природы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Началось строительство здания картинной галереи Василия Нестеренко



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Коммерсантъ

В «Башню 2000» вошел инвестор // Часть площадей небоскреба у «Москва-Сити» получил Кирилл Шамалов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Детская зона «ЯРКО» – на Летней Спартакиаде «Газпром-Медиа Холдинга»

Новичок ярославского «Локомотива» сыграет в гала-матче в Москве

В Димитровграде проводят чемпионат России по парусному спорту в классе «микро»


Уимблдон

Даниил Медведев представил форму, в которой выступит на Уимблдоне



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Землевладельцев Щелкова предостерегли от нарушений правил обращения с отходами



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России