Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

ФИФА пас аз марги "духтари обӣ" ба Эрон ҳайат мефиристад

0
ФИФА пас аз марги

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар пайи худсӯзии як духтари мухлиси футбол дар Эрон ба ин кишвар намояндагони худро мефиристад.  ФИФА гуфтааст, ҳадаф аз ин сафар баррасии имкони вуруди занон ба варзишгоҳҳо дар Эрон аст. Он ҳам дар рӯзҳое, ки худсузӣ ва марги як духтари ҷавони мухлиси футбол Эронро такон дод.

Сухангӯи ФИФА ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, қарор аст, ин ҳайат давоми ду ҳафтаи оянда ба Теҳрон рафта, масъалаи омода будани варзишгоҳҳо барои ворид шудани занонро баррасӣ кунанд. Тасмими ФИФА барои фиристодани ҳайат як рӯз пас аз марги Саҳар Худоёрӣ, духтари ҳаводори футбол дар Эрон эълон шуд. Вале сухангӯи ФИФА гуфтааст, ки сафари ҳайати фиристодаи онҳо сирф ба хотири марги Саҳар Худоёрӣ нест.

Пеш аз ин ФИФА дар вокуниш ба худсӯзии Саҳар Худоёрӣ аз мақомҳои давлати Эрон хоста буд, "озодӣ ва амният"-и занон барои ворид шудан ба варзишгоҳро фароҳам кунад. Саҳар Худоёрӣ, ки бар асари худсӯзии эътирозӣ ҷони худро аз даст дод, аз ҳаводорони бошгоҳи "Истиқлол"-и Эрон буд ва бо номи “духтари обӣ” машҳур шуд. Худоёрӣ мехост бо либоси мардона барои тамошои бозии тими дӯстоштааш вориди варзишгоҳ шавад.

Аммо ӯро боздошт карданд ва гуфтанд, ки барои талоши ширкаташ дар бозии мардонаи футбол шаш моҳ ҳабс мешавад. Зани 29-солаи эронӣ баъди шунидани қарори додгоҳ ба танаш бензин рехт ва худро оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани духтар сӯхта буд. Боздошту талоши худкушӣ кардан ва дар ниҳоят марги Саҳар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд ба миён овард. Бисёриҳо давлатро гунаҳгор карданд, ки дар давоми наздики чаҳор даҳсола занонро аз ворид шудан ба варзишгоҳ манъ мекунад.

Аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон карданд, ки назарашон барои вуруди занон бар варзишгоҳҳо мусбат аст.  Алии Рабиӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми сентябр гуфт, "назари давлат ба таври кулл мувофиқи ҳузури занон дар варзишгоҳ аст".

"Зерсохтор барои вуруди хонумҳо ба тамоми варзишгоҳҳо барои бозиҳои миллӣ ва лига фароҳам шуда, акнун ҳеҷ варзишгоҳе нест, ки ин зерсохторҳоро надошта бошад", - гуфтааст сухангӯи давлати Эрон.

Бархе аз футболбозони зан дар Эрон қаблан аз Федератсияи ҷаҳонии футбол хоста буданд, ки ба ин мавзуъ вокуниш нишон диҳад.

Дар як вокуниши дигар, бошгоҳи футболи "Барселона" дар паёме навишт, "футболбозӣ барои ҳама аст" ва "мардону занон бояд қодир бошанд, ки дар канори ҳам дар варзишгоҳҳо аз ин бозии зебо лаззат баранд".

Дар гузашта танҳо гуруҳҳои ҷудогонаи занон барои тамошои футболи мардона ва дигар навъҳои варзиши мардона дар Эрон иҷоза гирифтаанд. Дар бархе ҳолатҳои ҷудогона занони ҳаводори футбол тавонистаанд, ки бо либоси мардона вориди варзишгоҳ шаванд.

Парвона Силаҳшӯрӣ, як вакили зани эронӣ ҳодисаи ахирро маҳкум кард ва гуфт: "Ӯ духтари Эрон буд". Ба гуфтаи ӯ, "занон аз ҳуқуқи бунёдии худ маҳрум шудаанд" ва ин қонунҳоро "мардон кӯркӯрона эҷод карда, аз занон тақозо мекунанд, ки онҳоро риоя кунанд". Силаҳшӯрӣ дар твиттери худ навишт: "Дар ҳабс ва оташ задани Саҳари ин кишвар ҳамаи мо масъулият дорем".

Марги Саҳар дар ҳоле рух дод, ки FIFA – Федератсияи байналмилалии футбол ба Эрон фишор меорад, ки қонуни 40 сол пеш қабулшуда дар бораи манъи ҳузури занон дар варзишгоҳҳоро бекор кунад.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Оззи Осборн

Лучшие сольные песни Оззи Осборна (Ozzy Osbourne)




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Ига Свёнтек

Лишь две теннисистки моложе Свёнтек выигрывали 16 матчей подряд на «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Новости 24 часа

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России