Вазири барканоршудаи туркман бо ҷурми фасодкорӣ зиндонӣ шуд
Вазири пешини савдо ва равобити иқтисоди хориҷии Туркманистон Амондурдӣ Эшонов бо ҷурми фасодкорӣ ба муҳлати номуайян зиндонӣ шудааст.
Телевизионҳои давлатии Туркманистон 13-уми сентябри соли равон дар як гузориши вижа чандин мард, аз ҷумла Эшоновро нишон доданд, ки завлона ба даст ба фасодкор будани худ иқрор мекунанд.
Ин навор ҳамчунин дар як қатор ҷаласаҳои ҳукумати Туркманистон ҳамчун натиҷаи маъракаи мубориза зидди коррупсия бо ташаббуси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов намоиш дода шуд.
Эшонов дар видеои мазкур мегӯяд, тайи чандин соли ахир бо соҳибкори маъруфи маҳаллӣ Чоримуҳаммад Кулов ва раҳбарони як қатор ниҳодҳои давлатӣ чандин ҷинояти коррупсиониро анҷом додааст. Вале дар навор гуфта намешавад, ки Эшонов ва гумонбарони дигар кай, бар асоси кадом бандҳо ва чанд сол зиндонӣ шудаанд.