Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Нишасти САҲА: "Рӯзноманигорӣ то рафт кори хатарноктар мешавад". ВИДЕО

0
Нишасти САҲА:

Дар рӯзи дувуми нишасти машваратии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо вазъи озодии баён дар ҳавзаи кишварҳои узв ва бахусус Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд.

Дар фосилаи кӯтоҳе баъд аз суханронии Ҳарлем Дезир, масъули САҲА дар умури озодии матбуот, ки аз буҳрони озодии баён ва вазъи бади хабарнигорон дар минтақа сӯҳбат кард, мавзуъро Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон идома дод. Ӯ гуфт, "дар Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолияти хабарнигорон ва рушди озодии сухан фароҳам оварда шудааст."

Ӯ дар ин суханронии расмӣ аз қонуну муқаррароти қабулшуда барои фаъолияти матбуот сӯҳбат кард ва гуфт, ҳар коре, ки дар ин замина мешавад, дар ҳамкорӣ ва бо тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва “дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна монеаву маҳдудият барои фаъолияти матбуот вуҷуд надорад.”

Ҳангоми ин баёнияҳои ӯ, баъзе аз намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии хабарнигорӣ ва мухолифини давлат, ки дар нишаст ҳузур доштанд, бо сар такон додан ва табассуми маънидор ин гуфтаҳоро мешуниданд.

Вафо Ниятбекзода дар суханрониаш, ки ду дақиқа идома кард, сипас ба интиқоди баъзе аз расонаҳои ахбори ом пардохт, ки ба гуфтаи вай, аз мафҳуми озодии баён бераҳмона сӯистифода мекунанд. Ӯ аз ҳеҷ расонае ном набурд, вале гуфт, онҳо барои “ҳадафҳои хусусӣ ва ҷиноятӣ матолиби дурӯғ ва бофтаеро нашр мекунанд ва ба унвони ҳангома ба ҷомеа пешкаш мекунанд, ки ба афкори умум ва амният зарар мерасонад."

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи аз байн рафтани нашрияҳои мустақил, ки ба гуфтаи вай ангуштшуморанд, сӯҳбат кард ва нашрияҳои “Озодагон” ва “Пайк”-ро мисол овард. Вафо Ниятбекзода гуфт, "ин нашрияҳо баръакси иддаои соҳибонашон на ба сабаби фишору таъқиб, балки ба сабабҳои иқтисодӣ ва аз ҷумла қарздор шудан аз чопхонаҳо аз нашр мондаанд".

Ӯ афзуд, рушд кардани расонаҳои электронӣ сабаби кам шудани муштариёни рӯзнома ва ҳамингуна ба мушкилоти молӣ гирифтор шудани нашрияҳо гаштааст. Аммо муассиси “Озодагон” Зафар Сӯфӣ борҳо гуфтааст, ки ҳамкоронаш аз сабаби фишору таъқибу таҳдиди зиёд маҷбур шудаанд, чопи рӯзномаро қатъ кунанд.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расонаҳои байналмилалиро ба он муттаҳам кард, ки гӯё аз фаъолияти харобкорона ва ифротии нерӯҳои вайронгар ва террористӣ ҳимоят мекунанд. Ӯ аз ҳеҷ як расона ном набурд, вале гуфт, онҳо ба Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24" минбар медиҳанд, ки "мухолиф ба қонунҳои дохилӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ аст".

Намояндагони ҳарду созмон, ки дар хориҷ ба сар мебаранд ва иддаоҳо дар бораи ифротгароиро рад мекунанд, дар нишаст ҳузур доштанд. Яке аз онҳо, Маҳмадраҷаб Сайдалиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он чӣ ки дар Тоҷикистон мегузарад, баръакси гуфтаҳои мақомот аст. Ба қавли вай: "Касе наметавонад, фикрашро баён кунад, чӣ дар бобати дин бошад, чӣ дар бобати сиёсат ва ё ҳар чизи дигар. Ҳатто дар зери навори шумо ҳам бошад, фикри худро баён карда наметавонад. Агар гӯяд, дар паси он ҳатман мушкиле барои ҳамон банда, ё хонаводааш пеш меояд.”

Дар дохили нишаст иҷозаи навор гирифтанро ба хабарнигорон намедоданд. Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, бо муроҷиат ба Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои озодии баён гуфт, сиёсате, ки мақомоти Тоҷикистон пеш гирифтаанд, сабаби аз фаъолият мондани расонаҳои зиёд ва шиддат ёфтани худсонсурӣ шудааст.

Ӯ мақомоти амниятии кишварро ба он муттаҳам кард, ки ба хабарнигороне, ки ҳоло фаъолият доранд, таҳдид карда, онҳоро озор медиҳанд. Ҳумайрои Бахтиёр мисол овард, ки ба сабаби бадтар шудани озодии баён дар Тоҷикистон, кишвар дар феҳрасти созмони Хабарнигорони Бидуни Марз чандин зина поин омада, дар мақоми 149-ум қарор гирифтааст. Ӯ афзуд, ки аз соли 2014 ба ин тараф 10 расона дар кишвар баста шуда, тақрибан 50 хабарнигор ба хориҷа кӯчидаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ҷомеаи байналмилал тақозо кард, ки аз давлати Тоҷикистон бихоҳанд, таҳдиду таъқиби хешовандони хабарнигорон ва дигарандешонро бас кунад.

Баръакси гуфтаҳои Вафо Ниятбекзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишаст Азиз Шеров, як намоянда аз Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлат гуфт, нашрияҳои давлатӣ ба дурӯғпароканӣ машғуланд ва бо афкори ом бозӣ мекунанд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо ба таври сунъӣ кӯшиш мекунанд, симои мусбате аз ҳизби ҳоким ва ҳукумат дар Тоҷикистон бисозанд." Сабаби дувум, ба гуфтаи ӯ, "туҳмату бӯҳтон дар ҳаққи мухолифон ва он шаҳрвандони кишвар аст, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳаматарафа талош мекунанд, ин афродро бадном карда ва бигӯянд, ки онҳо дурӯғ мегӯянд ва намедонанд, ки дар Тоҷикистон чӣ мегузарад."

Дар умум зимни табодули назар дар нишасти машваратии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, мақомоти расмӣ ва намояндагони созмонҳои мухолифи давлат назарҳои комилан муқобили ҳамро баён мекарданд.

Рустам Ҳайдаров, ҷомеашиноси тоҷик, ки дар нишаст ҳузур дошт, гуфт, "дар солҳои ахир хабарнигорони тоҷик рисолаташонро фаромӯш кардаанд, ки гуфтани воқеият аст, на ҷабҳагирӣ." Рустам Ҳайдаров ба Радиои Озодӣ гуфт: “Рӯзноманигори мустақил як рисолат дорад ва он ҳам маърифат додан ба ҷомеа. Рисолати ӯ боло бурдани маърифати ҷомеа аст, на тақсим кардани ҷомеа ба худиву бегона."

Бо ин ҳол, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар ду соли ахир пайваста аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ танқид шудааст. Онҳо мегуянд, таъқиб барои навиштаҳои интиқодӣ, даъват ба идораҳои амниятӣ барои машварати ба истилоҳ "дӯстона", маҳрум кардан аз ҳаққи кор, дахолат ба умури дохилии расонаҳо аз усулҳои содда ва роиҷе дониста мешаванд, ки мақомоти Тоҷикистон барои сокит кардани матбуоти мустақил ба кор мебаранд.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Компания ICDMC приняла участие в торжественном открытии выставки “Тульское качество”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Персонажи «Дракошии» и «Команды МАТЧ» примут участие в театрализованном шествии на Московском детском фестивале искусств «Небо» в Парке Горького


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Раз нет протестов, будут санкции: как навальнисты и команда Ходорковского меняют стратегию борьбы с Россией



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России