Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Шикояти соҳибкорон аз низоми андоз. Мақомот "ислоҳ" мекунанд? ВИДЕО

0
Шикояти соҳибкорон аз низоми андоз. Мақомот

Рустам, сокини шаҳри Душанбе, раиси ширкатест, ки ба насби таҷҳизот машғул аст. Вай чанд моҳ пеш қарор кард, ки тиҷораташро қатъ кунад. Зеро, ба қавли соҳибкор, "баланд будани мизони андоз ва тафтишҳои зиёд" корашро бе фоида кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша баланд будани мизони андозро дар кишвар рад кардаанд. Баръакс, онҳо соҳибкоронро ба он муттаҳам мекунанд, ки даромади худро пинҳон медоранд ва андози кам месупоранд. 

Соҳибкори тоҷик Рустам мегӯяд, бар изофаи баланд будани мизони андоз, нозирон пайваста талаб мекунанд, ки молиёт то як ва ё ду моҳ пеш пардохт карда шавад. Тафтишҳои нақшавӣ ҳам то ҳадде тӯл мекашанд, ки ӯ барои идора кардани тиҷораташ фурсат намеёбад.

Бинобар коҳиши нишондодҳои иқтисод ва рақобати зиёд ширкаташ фармоиши кам мегирад ва Рустам ба хулосае омад, ки аз тиҷорат даст бикашад. Вале бо гузашти панҷ моҳ натавонистааст ширкаташро барҳам диҳад. Мегӯяд, мақомот ҳанӯз ширкати зери раҳбарии ӯро тафтиш доранд. 

Рустам ягона нафаре нест, ки аз тиҷорат дар Тоҷикистон даст мекашад. Ҳар сол ҳазорҳо намояндагони тиҷорати хурду миёна тарки фаъолият мекунанд. Расман тасмими онҳо ба буҳрони молӣ рабт дода мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, мушкили асосӣ дар андозбандӣ аст.

Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари тоҷик, гуфт, агар андозҳо беш аз 30 дарсади даромадро ташкил диҳанд, дар бораи рушди тиҷорат ҳоҷати ҳарф задан намемонад. 

"Агар соҳибкор барои рушди минбаъдаи тиҷораташ маблағи захиравӣ надошта бошад, аз куҷо рушд мекунад? Агар мехоҳем дар оянда инкишоф ёбем, бояд андозҳо кам карда шаванд. Ин аксиома аст, ки ҳеҷ исботи зиёдатиро намехоҳад," -- афзуд Қаюмов.

Гузориши ТВ "Настоящее время"-ро дар ин ҷо бинед: 

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз лиҳози пешбурди тиҷорат Тоҷикистон дар миёни 190 кишвар дар мақоми 183-юм қарор дорад. Ба ҳисоби миёна солона як соҳибор барои андозсупорӣ 224 соати худро сарф мекунад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, баъзе навъҳои андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳ нодилона аст. Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди молӣ, дар асл ин андозсупории секарата мешавад. Аз андозсупорӣ озод кардани баъзе коргоҳҳои давлатӣ ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ вазниниро ба дӯши корхонаҳое бор мекунад, ки аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор нестанд.

Нақшаи андозро ҳукумат таъйин мекунад ва он ҳамасола аз 15 то 20 дарсад баланд меравад.

Ян Петер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "бахши алоҳидае вуҷуд дорад, ки аз имтиёзи хуби давлатии андозсупорӣ бархӯрдор мебошад. Аз тарафи дигар мо бахши бузурги ғайрирасмиеро мебинем, ки кӯшиш мекунад зери соя ва дур аз мадди назари Кумитаи андоз бошад. Дар натиҷа як бахши хурди хусусие боқӣ мемонад, ки тамоми вазнинӣ бар дӯшаш аст."

Дар Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, дар бораи мушкилоти андоз метавонанд соатҳо сӯҳбат кунанд, аммо агар мақомот фавран чораандешӣ накунанд, дигар аз ҷое имкони ситонидани андоз вуҷуд нахоҳад дошт.

"Фаҳмише мавҷуд аст, ки ин василаи сиёсӣ, яъне имтиёзҳои андозӣ ба таври самаранок истифода намешавад. Онро бояд такмил дод. Ин ба ҳукумат имкон медиҳад, ки бо ин ва ё он ширкат муносибати мустақилро ба роҳ монад, ки аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор аст ва сармояи иловагиро ворид мекунад. Ҷойҳои нави кориро фароҳам меовард ва ба технологияҳои муосир мусоидат мекунад," -- таъкид кард Ян Петер.

Бо таваҷҷуҳ ба шикоятҳои зиёд дар бораи сарбории молиётӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, Кодекси андозро аз нав таҳия кунад.

Мақомот мегӯянд, таваҷҷуҳ ба кам кардани андоз, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва коҳиши тафтишҳои болоиҳами кормандони ин ниҳод равона мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

Третья Московская неделя моды: масштабное событие с участием дизайнеров из России и мира пройдет в октябре


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Бутман: Путин продолжает играть в хоккей для поддержания спортивной формы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В новой Москве соревновались нештатные формирования

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Зомби-экшен Zombiehood позволяет погрузиться в эпоху 90-х



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России