Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Дар ҳавопаймои самти Маскав-Душанбе ба муҳоҷирон ҷой нарасид

0
Дар ҳавопаймои самти Маскав-Душанбе ба муҳоҷирон ҷой нарасид

Ҳудуди 30 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки ҳафтаи гузашта барои парвоз бо “Ютэйр” аз фурудгоҳи Внуковои Маскав ба Душанбе чипта доштанд,  ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд. Масъулони ширкат ба мусофирон гуфтаанд “дар ҳавопаймо ба онҳо ҷой нарасид!”.

Ширкати “Ютэйр” мегӯяд, “мушкил фаннӣ буд ва онро ислоҳ мекунанд”.

Мусофирон мегӯянд, бори аввал ба чунин бархурд рӯ ба рӯ шуданд ва бинобар таъхири сафар нақшаҳояшон барбод рафт, зиёни молӣ диданд ва ба бархеҳо “хатари мамнӯъулвурд шудан ба Русия” таҳдид мекунад.

Одили Ҷонмаҳмад, муштарии ширкати “Ютэйр”, ки қарор буд 16-уми сентябр бо ҳавопаймои ин ширкат ба Душанбе парвоз кунад, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, вақте ба фурудгоҳ омад, ӯ ва панҷ нафари дигарро ба ҳавопаймо роҳ надоданд. Масъулони ширкат гуфтаанд ба ҷойи онҳо муҳоҷироне, ки аз хоки Русия ихроҷ (депортатсия) шудаанд сафар мекунанд.

Одили Ҷонмаҳмад гуфт: “Бояд дар тӯйи бародарам, ки қарор буд, рӯзи якшанбе доир мешуд, ширкат мекардам. Оилаи мо тамоми омодагиро ба тӯй дида буд, ҳофизҳову навозандагонро киро кардем, вале бинобар сабаби наомадани ман тӯйро ба таъхир гузоштанд. Ба сарояндаҳо ва соҳибони мошинҳои кирошуда маҷбур шуданд, ки ҷубронпулӣ диҳанд. Хулоса, мо аз ин 2500 сомонӣ зарар дидем. Аммо масъулони “Ютейр” ҳатто пули билети маро пас надоданд ва мегӯянд, аз куҷое харидед, ҳамон ҷо рафта пулро бозпас гиред”.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ӯ чиптаро аз шаҳри Тула харидорӣ кардааст ва агар барои бозпас гирифтани пули чиптааш ба он ҷо равад, пули як чиптаи дигар харҷ мешавад.

Дар идораи ширкати “Ютэйр” дар шаҳри Маскав гуфтанд, гоҳо бинобар пеш омадани мушкили фаннӣ ҳавопаймои хурдтар ба ин самт сафарбар мешавад, аз ин рӯ, ба қисме аз мусофирон ҷой намерасад.

Масъули робита бо муштариёни ширкати “Ютэйр”, ки худро Наталя муаррифӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мусофироне, ки ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд аз ҳисоби ширкат дар меҳмонхона ҷой шуданд”.

“Як нафар аз ин мусофирон бо хатсайри имшаб ба Душанбе фиристода мешавад. Дигарон бо рейси рӯзи 22-уми сентябр фиристода мешаванд. Барои таъхир аз мусофирон узр мепурсем”,--гуфт масъули ширкат.

Аммо мусофирон мегӯянд, узрхоҳии “Ютэйр” ба “дарди онҳо даво” намешавад, чун муҳлати санадҳои будубоши онҳо дар Русия ба анҷом расид ва эҳтимол дорад, мақомот дар оянда онҳоро ба рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба Русия манъ аст, ворид кунанд.

Давлатбек Ҳакимов, ҷавони тоҷик, ки рӯзи 16-уми сентябр қарор буд, ба Душанбе парвоз кунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар роҳ наёфтан ба ҳавопаймои “Ютэйр” чор рӯз боз мунтазири парвоз мондааст ва муҳлати санадҳои будубошаш дар Русия ба итмом расиданд.

“Муҳлати сабти иқомати ман то 19-уми сентябр аст. Ман нақша доштам, ки муҳлат тамом нашуда, яъне 16-уми сентябр ба Тоҷикистон равам. Лекин ин муҳлат гузашт. Агар барои гузаштани ин муҳлат мақомот вуруди маро ба Русия манъ кунанд, ҷавоби инро кӣ медиҳад? Ҳол он ки бо айби “Ютэйр” ман дар ин ҷо мондам”,--гуфт ӯ.

Муҳоҷирон мегӯянд, ширкати “Ютэйр” ба навъе онҳоро гаравгон гирифтааст ва бо сӯистифода аз вазъият, аз бозпас додани пули чипта сарпечӣ мекунад.

“Онҳо медонанд, ки мо имкони баргаштан ба он дӯконе, ки чиптаро харидем надорем, аз ин рӯ, ҳамин хел бо мо рафтор доранд ва намехоҳанд пули билети моро бозпас диҳанд”,-- мегӯяд Саида Гадоева, як мусофири дигари “Ютэйр”.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ба ҳавопаймо роҳ надодани мусофирони тоҷик ва нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия зуд- зуд рух медиҳад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, дар аксар ҳолат мақомоти интизомии Русия муҳоҷироне, ки бояд ихроҷ шаванд, чанд соат пеш аз парвоз ба фурӯдгоҳ меоранд ва онҳоро ба ҳавопаймо менишонанд, ки дар натиҷа барои мусофирони дар даст чипта ҷой намерасад.

“Бинобар мушоҳидаҳои мо ширкатҳои Русия танҳо бо мусофирони тоҷик чунин муносибат мекунанд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки қабл аз Иди Рамазон ва ё Қурбон чиптаи муҳоҷирро, ки пешакӣ харидааст бо нархи гаронтар ба дигар шахс мефурӯшанд ва ӯро чанд рӯз мунтазир мекунанд ва ба рейси дигар мефиристанд. Чун медонанд, ки мусофирони тоҷик ба додгоҳ арз намекунанд, додхоҳӣ намекунанд, бинобар ин, чунин рафторро ба онҳо раво мебинанд”,-- иброз дошт Ёров.

Ин ҳомии ҳуқуқ аз таҷрибаи худ гуфт, товони зарари молиявие, ки додгоҳҳои Русия маъмулан таъин мекунанд, 3 ҳазор рубл аст ва бисёре аз ҷабрдидагон бо шунидани ин маблағ аз нияти ариза навиштан даст мекашанд.

Дар миёни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон аксаран чор ширкат, “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” аз Тоҷикистон ва аз Русия, “Ютэйр” ва “Уралские авиалинии” парвоз анҷом медиҳанд.    

Муштариён зуд-зуд аз мушкили парвоз ба Русия шикоят мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Шевчук

Поэт Влад Маленко заявил, что творчество Шевчука потеряло патриотизм




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Белый дом признал причастность к выработке «формулы мира» Киева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России