Путин аз кишварҳои НАТО хост, дар Аврупо мушак ҷойгир накунанд
Владимир Путин, президенти Русия ба роҳбарони даҳҳо кишвар, аз ҷумла аъзои НАТО бо ирсоли номае пешниҳод кард, ки ба ҷойгирсозии мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз дар Аврупо ва дигар минтақаҳо моратория эълом кунанд.
Дар ин бора расонаҳо бо такя ба дипломате аз кишварҳои НАТО хабар доданд. Ба гуфтаи дипломат, нома 19-уми сентябр дастрас шудааст. Федерика Моғеринӣ, роҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳам чунин нома дарёфт кардаанд.
Дар номаи Путин омадааст, ки Русия эълом кард, дар Аврупо ва дигар минтақаҳо мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз ҷойгир нахоҳад кард. Президенти Русия аз кишварҳои дигар хост, ки аз ташаббуси Русия ҷонибдорӣ ва пайравӣ кунанд.
ИМА оғози соли ҷорӣ эълом карда буд, ки аз созишномаи маҳвсозии мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз хориҷ мешавад. Вашингтон гуфт, Маскав шартҳои созишномаро вайрон карда, ба сохтани силоҳи мамнуъ идома медиҳад.
Русия айбҳои ИМА-ро рад ва ҳамзамон эълом кард, ки аз созишнома хориҷ мешавад. Путин рӯзи 3-юми июл қонуни манъи иҷрои созишномаро имзо кард. ИМА низ 2-уми август хабар дод, ки расман аз иштирок дар созишномаи маҳви мушакҳо хориҷ мешавад.
Созишнома дар бораи мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз байни ИМА ва СССР дар соли 1987 имзо шуда буд. Бар асоси он созишнома, мушакҳои болдор ва баллистикии дорои иқтидори парвози аз 500 то 5500 километр маҳв шуда буданд.