Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Гулӯгоҳи Ҳурмуз: Саҳнаи нави баҳси Амрико ва Эрон

0
Гулӯгоҳи Ҳурмуз: Саҳнаи нави баҳси Амрико ва Эрон

Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки амнияти киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз "ба шакли ҷиддӣ дар хатар қарор дорад". Руҳонӣ ин нуктаро дар нишасти маҷмааи куллии Созмони Милал баён дошт ва аз кишварҳои ҷаҳон хост ба эътилофи "умед ва ибтикори сулҳи Ҳурмуз" бипайванданд. Қаблан Амрико низ гуфта буд, дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эътилоф ташкил медиҳад.

Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми сентябр дар нишасти СММ аз кишварҳои дигар даъват кард, ки ба "эътилофи умед ва ибтикори сулҳи Ҳурмуз бипайванданд."

Раисҷумҳури Эрон ҳадаф аз ташкили ин эътилофро "татбиқи сулҳ, субот, пешрафт ва оромиши кулли сокинони ҳавзаи гулӯгоҳи Ҳурмуз, ҳамдигарфаҳмии дуҷониба, иртиботи сулҳомез ва дӯстона" тавсиф кард.

Раисҷумҳури Эрон дар ҳоле хостори ташкили эътилоф дар гулӯгоҳи Ҳурмуз мешавад, ки қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфта буд, ба думболи ташкили эътилоф дар ин тангӣ аст.

Ду моҳи қабл Майк Помпео, котиби давлатии Амрико эълон карда буд, ки ИМА барои муҳофизат ва роҳбаладии киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз эътилофи байналхалқӣ таъсис медиҳад. Ба гуфтаи вай, ҳадаф боз нигаҳ доштани масири тиҷорат дар минтақа аст. Дар ҳоли ҳозир Австралия, Бритониё, Арабистон ва Баҳрайн ба Эътилофи таҳти роҳбарии Амрико шомил ҳастанд.

Гулӯгоҳ ё тангии Ҳурмуз барои бозори нафти ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад. Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи транзити нафт дар ҷаҳон аз гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз мегузарад, ки халиҷи Форс ва баҳри Арабро ба ҳам мепайвандад.

Муноқиша бар сари гулӯгоҳи Ҳурмуз пас аз он ҷиддӣ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико кишварашро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ кард ва таҳримҳои сахтеро болои Теҳрон вазъ кард. Дар пайи ин кор мақомҳои Теҳрон азҷумла Сипоҳи посдорони инқилоб борҳо таҳдид кардаанд, ки гулӯгоҳ Ҳурмузро ба рӯи киштиҳои нафткаш мебанданд. Дар баҳори соли ҷорӣ фармондеҳи Нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид кард, ки агар ҷилави истифодаи Эрон аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гирифта шавад, Сипоҳ ин гулӯгоҳро хоҳад баст. Низомиёни Эрон моҳи июл дар гулӯгоҳи Ҳурмуз як киштии Бритониёро боздошт карда буданд.

Раисҷумҳури Эрон дар нишасти СММ ба масъалаи низоъ дар Ховари Миёна дахл карда гуфт, "Ховари миёна дар оташи ҷангу хунрезӣ, ишғолгарӣ, таасуботи мазҳабӣ ва ифротгароӣ месӯзад." Руҳонӣ роҳи ҳалли ниҳоии сулҳ ва амният дар Ховари Миёнаро "демократия дар дохил ва дипломатия дар хориҷ" гуфт.

Ин изҳороти Руҳонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан мақомҳои Иёлоти Муттаҳида худи Эронро ба доман задан ба низоъи Ховари Миёна муттаҳам карда буданд. Майк Помпео, котиби давлатии Амрио, Теҳрон ва ҳомиёнашро ба доман задан ба даҳшатафканӣ ва нооромӣ дар Ироқу Лубнон ва Сурияву Яман муттаҳам карда гуфта буд, "ин паёмадҳои вайронгари башарӣ дорад".





Губернаторы России
Москва

Собянин: Уровень безработицы в Москве будет снижен до 1,2 процента к 2030 году





Москва

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 240,5 тыс. детей в Московской области получают единое пособие


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Уровень безработицы в Москве будет снижен до 1,2 процента к 2030 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Дженнифер Лопес

Собчак: певица Дженнифер Лопес обманом унесла из бутика в Москве 6 пар туфель




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Hisense запустила рекламную кампанию «Ставшие легендой»

«Объединяем Россию!». Как столица отметит День молодёжи

Детская зона «ЯРКО» – на Летней Спартакиаде «Газпром-Медиа Холдинга»


Уимблдон

Уимблдон потребует от российских теннисистов подписать декларацию о нейтралитете



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Пресс-конференция Департамента национальной политики и межрегиональных связей прошла в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России