Киштии бритониёии ҳабсшуда озод ва соҳилҳои Эронро тарк кард
Молики шведии киштии “Stena Impero” гуфт, нафткаше, ки таҳти парчами Бритониё ҳаракат мекунад ва моҳи июл аз ҷониби Эрон ба ҳабс гирифта шуда буд, соҳилҳои Бандар Аббосро тарк кард. Эрик Ҳаннел, раҳбари кулли ширкати “Stena Bulk” бо нашри як паёми хаттӣ гуфт, ки нафткаш дар ҳоли ҳаракат аст ва “вақте он вориди обҳои байналмилалӣ шуд, иттило хоҳем дод”. Мақомоти Эрон хабари рӯзи 27 сентябрро тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам нафткаш Эронро тарк кард. Аз ин пеш ширкати дигари интиқолҳои дарёӣ бо номи Refinitiv гузориш дод, ки киштии “Stena Impero” соҳилҳои Эронро тарк карда масири худро тағйир дод ва ба ҷои Ҷубайл ба самти Порт Рашид ҳаракат мекунад.
Порт Рашид як бандари тиҷоратӣ дар соҳилҳои Дубаи Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва Ҷубайл шаҳри бандарӣ дар Арабистони Саудӣ аст. Киштии нафткаш пеш аз боздошташ дар таърихи 21 июл макони ниҳоии ҳаракаташро соҳилҳои Ҷубайл навишта буд. Мақомоти Эрон киштии “Stena Impero” ва ҳайати маллоҳонро дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар обҳои байналмилалӣ муттаҳам карда нафткашро дар таърихи 19 июл ба ҳабс гирифт. Ин ҳодиса ду ҳафта баъди он рух дод, ки нирӯҳои бритониёӣ дар наздикиҳои Гибралтар як киштии нафткаши эрониро боздошт карданд. Киштии эроние, ки баъдан озод шуд, исмашро ба “Adrian Darya 1” тағйир дода ҳаракаташро идома дод.