Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

Кӯмаки USAID бо ҳадафи китобхон кардани Мустафо. ВИДЕО

0
Кӯмаки USAID бо ҳадафи китобхон кардани Мустафо. ВИДЕО

Дар соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ ва хонандаҳои тоҷик соҳиби  садҳо ҳазор китоби тозанашри бадеӣ мешаванд. Оҷонсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё ЮСАИД дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» тақдими адабиёти бадеиро ба хонандагон аз ноҳияи Варзоб шурӯъ кард.

Ба муҳассислину мактабҳои ин ноҳия беш аз 9 ҳазор китоб тақдим шуд. Аслам Одинаев, мудири мактаби рақами 4, дар ноҳияи Варзоб рӯзи 27 - уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом махсусан барои кӯдакон дар деҳот муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар китобхонаи мактаб китобҳои афсонаву суратдор ва ҷолиб бароӣ кӯдакон кам буд: “Акнун кӯдакон на танҳо дар китобхонаи муассиса, балки дар вақти машғулиятҳои дарсӣ ҳам ин китобҳо истифода мекунанд. Бештар китобҳоест, ки кудакон бо онҳо сару кор дошта бошанд. Кӯдакони то синфи 4 аз ин адабиёт истифода мебаранд.”

Дар маросими тақдими китобҳо, ки бо ҳузури садҳо хонанда ва омӯзгорон баргузор шуд, ҳадаф аз ин иқдомро рушди китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба адабиёти бадеӣ аз солҳои нахустини таҳсил номиданд. Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ки аз сӯйи Оҷонсии Иёлоти муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё ЮСАИД ва  Вазорати маорифи Тоҷикистон 3 сол боз амалӣ мешавад.  Имсол дар доираи лоиҳа 84 номгӯи китоб бо теъдоди беш аз 600 ҳазор нусха чоп шудааст. Ин китобҳо ба 2800 мактаби миёна тақдим мешавад.

Абдуҷаббор Алиев, ҳамоҳангсози барнома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номгӯи китобҳое, ки бояд тақсим шавад, аз сӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Зимни интихоби китоб барои кӯдакон ба гуфтаи Алиев, ҷиҳатҳои ахлоқӣ тарбиявӣ ва психологии он барои кӯдакон ба назар гирифта шудааст: ​“Ҳикояҳо аз Саъдӣ, Айнӣ ва дигар нависандаҳои муосир ҳам дар байни ин китобҳо ҳаст. 15 номгӯи китобе, ки имсол чоп шуд, китобҳои тозаэҷоданд ва аввалин бор нашр шудаанд. Аз ҷумла аз нависандаҳои тоҷик, Гулчеҳра Муҳаммадӣ, Азизи Азиз аз Латофат Кенҷаева ҳастанд.”

Бо ҳадафи ташвиқи хониши бадеӣ, дар доираи лоиҳаи мазкур, барои волидон ҳам дастури тавсиявӣ нашр шудааст, ки дар он роҳҳои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ тавсия нишон дода шудааст. Мустафо дар синфи 4 мехонад ва мегӯяд, ҳар рӯз китоби дарсӣ мехонад, аммо натавонист, аз ягон китоби бадеие, ки хонда бошад, ном барад.

Шоҳин, хонандаи синфи 3 аст ва мегӯяд, китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” - ро, ки аз китобхонаи мактаб дастрас кардааст, мутолиа мекунад:​“Аз китобхонаи мактаб 2 сомонӣ супорида китоб гирифтем. Ин китобро хонда бармегардонем. Аз ин китоб ба ман ҳикояи “Муш ва мурғобӣ” маъқул шуд. Мақсади ин ҳикоя ин буд, ки танбалӣ накунед.” 

Иқдоми тақдими китоб барои китобхонаҳои мактаб ва кӯдакони мактабхон  дар ҳолест, ки коршиносон пайваста барои мутолеаи кам наврасону ҷавононро интиқод мекунанд. Як омил ҳам ба гуфтаи онҳо ин аст, ки волидон кӯдаконро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ кам ташвиқ мекунанд.

Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” -и  ЮСАИД яке аз тарҳҳои зиёди Амрико дар Тоҷикистон аст, ки бо ёрии мардуми Амрико амалӣ мешавад. Дар тули 27 соли ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ихтисоси 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон дар бахшҳои амниятӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ ва рушди маориф кӯмак кардааст.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: На юге Москвы в этом году благоустроят четыре зеленые зоны





Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Черный хлеб и сосиски: какие капризы Басты исполняют организаторы концертов по его райдеру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

В новой Москве соревновались нештатные формирования

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Ролан Гаррос

Мирра Андреева вышла во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Game News

Конец близок в релизном трейлере Destiny 2: The Final Shape



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России