Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2019

“Истиқлол” бори ҳаштум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

0
“Истиқлол” бори ҳаштум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври ҳабдаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ дар меҳмонӣ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт ва барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. 

Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ сарфароз гаштааст. Зимнан, «Истиқлол» аз рӯи ин нишондод  аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон шудааст, пеш гузашт ва бошгоҳи серунвонтарини футболи кишвар гардид.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили “Кӯктош” чунин буд: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев (Шаҳзод Давлатов, 84), Табрези Давлатмир, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 68), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 65), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев.

“Истиқлол” феълан дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар даври ҳабдаҳум дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ панҷ голи беҷавоб зад, бо 29 имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра талош доранд.

“Хатлон”-и Бохтар, ки бозии даври гузаштаро дар сафар бо “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан” бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 23 имтиёз ҷойи севумро ишғол мекунад.

Дар даври ҳабдаҳум “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ба ҷуз “Хатлон” дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, ССКА “Помир” ва “Истравшан” барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 5-уми октябр баргузор мешаванд.

 

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 8 (1:0). Парвиз Охунов, 89 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

27 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

 

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:6

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 27 (0:1). Шериддин Бобоев, 40 (0:2). Эҳсони Панҷшанбе, 46 (0:3). Шериддин Бобоев, 61 (0:4). Отабек Каримов, 69 (1:4). Алишер Ҷалилов, 73 (1:5). Шериддин Бобоев, 87 (1:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

27 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

 

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:1

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 28 (1:0). Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (1:1). Акбари Шелдорӣ Ораш, 44 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

27 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

 

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:5

Голҳо: Алишер Баротов, 18 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 19 (0:2). Фирдавс Чақалов, 60 (0:3). Фирдавс Чақалов, 64 (0:4). Ҷаҳонгир Эргашев, 66 (0:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

27 сентябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

14

3

0

51-12

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

9

2

5

31-16

29

3

«Хатлон» (Бохтар)

17

6

5

6

23-22

23

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

6

4

7

24-27

22

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

5

5

7

24-29

20

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

17

5

4

8

17-24

19

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

16

5

3

8

14-24

18

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

17

3

2

12

13-43

11

 

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

 

Даври 18-ум

5-уми октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Хатлон» – «Хуҷанд»

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – «Кӯктош»





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Рихард Вагнер

Вагнера ничем не испортишь: «Летучий голландец» в «Зарядье»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Доктор Кутушов заявил, что оливковое масло предотвращает повреждение мозга



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России