Хотираи 18-сола ба хотири ояндаи беҳтари Афғонистон раъй дод
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи 28-уми сентябр, баъзе аз ҷавонон бори аввал дар умри худ раъй доданд. Хотираи 18-сола яке аз онҳост ва ба Радиои Афғонистони Озодӣ гуфт, барои ояндаи неки кишвари ҷангзадааш раъй додааст.