Шӯришиёни ҳусии Яман гуфтанд, ба Саудӣ "ҳамла кардаанд"
Шӯришиёни ҳусии Яман иддао карданд, ки дар наздикии шаҳри Наҷрон, дар ҷануби Арабистони Саудӣ, ҳамлаи бузургеро ба роҳ андохтанд.
Онҳо гуфтанд, дар ин ҳамла шумори зиёди низомиёни артишро дастгир карда, мошину васоили дигарашонро бо худ оварданд.
Сухангӯи шӯришиёни ҳусии Яман рӯзи 28-уми сентябр дар баёнияе гуфт, дар натиҷаи ҳамла "се афсари Арабистон кушта шудааст".
Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ то кунун дар ин маврид чизе нагуфтааст. Ин эътилоф аз соли 2015 боз бо шибҳинизомиёни ҳусӣ дар ҳоли ҷанг аст.
Дар ҷанги Яман ҳазорон нафар кушта ва ҳазорон тани дигар ба як буҳурони башарӣ дучор шудаанд.
Дар аввали моҳи сентябр ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон иддао карданд, ки ба чанд муассиаҳои истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд. Саудӣ ва Амрико дар ин ҳамла Эронро гунаҳкор донистанд. Теҳрон ҳамагуна дахолат дар ҳамлаи рӯзи 14-уми сентябр ба корхонаҳои истихроҷи нафти Саудиро рад кардааст.
Ҳусиҳо рӯзи 20-уми сентябр гуфта буданд, агар эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳоро бас кунад, онҳо низ ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймои бидуни сарнишин ба Саудиро бозмедоранд. Эътилоф ҳанӯз ба ин пешниҳод ҷавоб надодааст.