USAID дар 29 сол ба Тоҷикистон $650млн кӯмак кардааст
Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID аз соли 1992 ба ин тараф ба маблағи беш аз 650 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак расондааст ва ҳамакнун дар рушди иқтисод, тандурустӣ ва маорифи ин кишвар саҳм мегузорад. Дар ин бора Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як иттилоия дар остонаи 60-уми солгарди таъсиси ин ташкилот, хабар дод.
Мубориза бо камғизоӣ ва камбизоатӣ, кӯмак ба деҳқонон, ҳамкорӣ дар бунёди негӯгоҳҳои хурди офтобӣ барои таъмини сокинони минтақаҳои дурафтода бо барқ, сармоягузорӣ барои мубориза бо эпидемияи ВНМО/БПНМ, бемории сил ва дастгирӣ барои саломатии модар, кӯдак ва коҳиши умумии сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакон, аз ҷумлаи тарҳҳои будаанд, ки давоми 30 соли гузашта USAID ба Тоҷикистон мусоидат кардааст.
USAID мегӯяд, ки соли 2002 ба ин тараф ба рушди маорифи Тоҷикистон 60 миллион доллар ихтисос дода, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ин кишвар маводи хонишро ба наздик ба 80 сарсади мактабҳо ҳадя кардааст. Кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо тавассути барномаҳои радиоӣ ва дарсҳои видеоӣ, аз ҷумлаи фаъолиятҳои дигари USAID дар Тоҷикистон будааст.
Дар пасманзари хуруҷи пандемияи КОВИД-19 USAID дар моҳи марти соли 2020 ба Тоҷикистон 10,2 миллион доллар ҷудо кард ва ҳукумати ИМА тавассути ин ташкилот ба Тоҷикистон беш аз 1,8 миллион ваксинаи Moderna ва Pfizer бар зидди COVID-19 тақдим намуд.
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шаст сол пеш рӯзи 3-юми ноябри соли 1961 аз ҷониби президент Ҷон Кеннеди таъсис шуд. Ин ташкилот дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими демократия ва рушди арсаҳои беҳдошт, маориф ва иқтисод бо шарикони худ дар тарҳҳои башардустона, якҷоя кор мекунад. USAID аз соли 1992 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият дорад.