Падари Мадина: "Пайвандони Парвизро хуб дарк мекунам, вале ман ҳам аз фарзандам ҳимоят хоҳам кард" ВИДЕО
Амон Қаробоев, падари Мадина Муҳаммадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар ҳоли беҳушӣ (кома) дар шифохонаи “Қарияи Боло”-и Душанбе бистарист, мехоҳад, шахсони гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Муҳаммадҷоноваро 26-уми августи имсол бо нишонаҳои шиканҷа дар шифохона хобонданд.