Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2021

"Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар садри ҷадвали Лигаи олӣ қарор доранд

0

Баъди танаффуси якмоҳа мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 24-ум, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр доир гардид, аз сар гирифта шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ ба «Эсхата»-и Хуҷанд ғолиб омад.

Дар ду бозии дигари даври 24-ум «Равшан»-и Кӯлоб дастаи меҳмон - Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 2:1 ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар бозии хонагиаш тими «Душанбе»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:1 ноком карданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври 24-ум дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 55 имтиёз пешсаф аст. «Хуҷанд» бо 45 имтиёз дар ҷойи дувум ва КМВА бо 36 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

«Истиқлол», ки аз «Хуҷанд» даҳ имтиёз бештар гирифтааст, имсол ҳам то охири мавсим барои рақибонаш дастнорас хоҳад монд. «Хуҷанд» боз медалҳои нуқраро азони худ хоҳад кард. Барои медалҳои биринҷӣ се даста – КМВА, «Хатлон» ва «Истаравшан» талош доранд.  

Бозиҳои даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 19, 20 ва 21-уми ноябр баргузор мешаванд. 19-уми ноябр «Файзканд» бо «Кӯктош», 20-уми ноябр «Эсхата» бо «Истаравшан», КМВА бо «Хатлон» ва 21-уми ноябр «Хуҷанд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).

3-юми октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошобин.

 

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 – аз пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 62 (1:2).

3-юми ноябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7300 тамошобин.

 

«Истиқлол» – КМВА – 3:1

Голҳо: Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 15 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 21 – аз пеналти (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

3-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 550 тамошобин.

 

«Кӯктош» – «Душанбе» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 16 (1:0). Азизбек Султонов, 26 (2:0). Ҷамшед Муродов, 75 (2:1). Амирҷон Сафаров, 82 (3:1).

4-уми ноябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1500 тамошобин.

 

«Равшан» – «Файзканд» – 2:1

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 26 (1:0). Анвар Муродов, 43 (1:1). Эффаҳ Кингслей Осей, 88 (2:1).

4-уми ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа 

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

22

17

4

1

60-8

55

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)                 

22

14

3

5

45-22

45

3

КМВА (Душанбе)

23

10

6

7

34-29

36

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

23

9

5

9

25-24

32

5

«Хатлон» (Бохтар)

23

9

5

9

25-28

32

6

«Равшан» (Кӯлоб)

23

7

8

8

24-27

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

23

8

3

12

30-42

27

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

23

6

5

12

34-51

23

9

«Файзканд» (Восеъ)

23

5

5

13

16-31

20

10

«Душанбе» (Душанбе)

23

4

6

13

22-53

18

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 10-голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 9-голӣ, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 8-голӣ.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты





Москва

Пушинка из Космоса спасёт либо снесёт США? Научные важные данные. Проект «Святой Ленин».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Ольга Бузова

«Не ищите зло»: Бузова извинилась за экстравагантный образ на концерте в Уфе




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Среди сотрудников уголовно-исполнительной системы Республики Дагестан определили лучшего гроссмейстера

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Даниил Медведев

Медведев вышел в 1/8 финала «Ролан Гаррос» — 2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

LIVE: Путин проводит встречу с постоянными членами Совбеза России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России