"Пуштамро зер кард, сарамро газид." Парвиншо гуфт, ки чӣ гуна хирс ба ӯ ҳамла кард. ВИДЕО
Як наврас аз ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон нақл кард, ки чӣ гуна бист рӯз пеш хирс ба ӯ ҳамла кард ва сару пушташро захмӣ намуд. Парвиншо Муҳаббатови чордаҳсола ҳоло дар шаҳраки “Шифобахш”, бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе, муолиҷа мегирад. Пизишкон вазъи саломати ӯро хуб арзёбӣ карданд.