Занозанӣ дар Хоруғ. "Нофаҳмӣ" байни пулис ва Маҳмадбоқиров? Мақомот: Хабар надорем. САДО
![Занозанӣ дар Хоруғ.](https://gdb.rferl.org/455A11E6-4AF0-4758-9A7A-D94387B1E8CF_w800_h450.jpg)
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон ҳамла шудааст. Манобеъ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ рӯй дода, пойи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии вилоят, дар миён аст.