Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир монд
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амон, ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷикро бетағйир гузошт. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябр ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум кард, вале Иззат Амон ва наздиконаш бозбинии ҳукмро талаб доштанд.