Лутфулло мехоҳад дар Тоҷикистон тарзи нави таълимро ҷорӣ кунад, бархе шубҳа доранд. ВИДЕО
Лутфулло Тағоев гуфт, ҳама шароитро ба омӯзгорон муҳайё кардааст, ки дарсҳои худро ба шеваи интерактивӣ таҳия карда, онлайн ба хонандагон расонанд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, барои ин кор аввал бояд мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳал карда шавад.