Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Душанбе фиристоданд
Ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи оташ зада шудани вагоне дар деҳаи Заларии вилояти Иркутски Русия ҷон бохтанд, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Насимҷон Сайдалӣ 21 ва Сироҷиддин Гулзода 19 сол дошта, аз ноҳияи Файзобод ҳастанд. Ҳодиса шаби 12-уми ноябри имсол рӯй дод.