Шаҳрванди Тоҷикистон - гумонбар дар узвияти ДОИШ дар Украина боздошт шудааст
Полиси Украина мегӯяд, дар вилояти Харкови ин кишвар ахиран як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки барои ширкат дар созмонҳои террористӣ гумонбар дониста мешавад. Хабаргузории Интерфакс-Украина исм ва ҳуввияти ин мардро нашр намекунад, вале мегӯяд, ки ӯ 29 сол дошта, бо як қарори додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар вайрон кардани моддаи 187, б.2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оид ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ бояд боздошт шавад.
Санҷидани ҷузъиёти ин хабар дар сафорати Тоҷикистон дар Украина рӯзи 20-уми ноябр имкон надошт.
Вале хабар мегӯяд, ин мард тахминан панҷ рӯз пеш аз ҷониби кормандони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии полиси миллии Украина дар вилояти Харков ва кормандони шӯъбаи калони ҷосусии Хадамоти амнияти Украина боздошт шудааст. Дар шарҳи эҳтимоли қонуншикании ин нафар манбаъ менависад: “Ин мард соли 2013, замоне, ки дар Миср қарор дошт, ба созмонҳои террористии “Ҳизби исломии Туркистон” ва “Давлати исломии Ироқ” пайваст. Марти соли 2017 дар шаҳри Қоҳира чанд шаҳрванди Тоҷикистонро барои ирсол ва ширкат дар низои мусаллаҳона ба Ироқ фиристод. Ин нафарон то ҳол боздошт нашудаанд”.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар як боздоштгоҳи вилояти Харков нигаҳдорӣ ва дар ин муддат масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад, омадааст дар хабар. Ба ин мард то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Маълум нест, ки мавқеи худи боздоштшуда чӣ аст. Вале мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки баъди солҳои 2014 на камтар аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ пайваста, бисёрашон кушта шудаанд. Бархе тавонистанд ба кишварҳои дигар фирор кунанд.